Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзе сарчашмаҳо Каъбро аъробӣ ном бурдаанд.
Робиа дар ҳусну ҷамол ва фазлу камол ягонаи даврон буда, ба форсӣ ва тозӣ шеър гуфтааст. Дар ҷавонӣ ошиқ шуда ва ҳамин ишқ, ки аксар онро ишқи ҳақиқӣ, яъне, ишқ ба Худованд номидаанд, боиси ҳалокати ў шудааст. Шарҳи ин қисса чунин буд, ки баъди марги Каъб писари ў Ҳорис бародари Робиа – ба сари тахт мешинад. Ҳорисро, ки парастории хоҳарро бар ўҳда дошт, Бектош ном ғуломи хизонадоре буд, ки дар сурату сират дар ниҳояти хубӣ ва дар рубоб задану овозхонӣ дар айни ҳунармандиву чирадастӣ қарор дошт. Боре иттифоқан Робиа ўро дар базми ашрофон мебинад, ҳунарашро назора мекунад ва дил аз даст медиҳад. Дарди ишқ ўро аз по мефитонад. Ҳорис табибонро даъват мекунад, вале дар ташхиси дарди ў ҳама оҷиз мемонанд. Робиа дояе дошт, ки аз ин сир огоҳ мешавад ва аз паи чораи дарди духтар мегардад. Номае аз Робиа бо нақши сурати ў ба Бектош мерасонад ва Бектош низ баробари хондани мактуб ва тамошои ҷамоли баркамоли духтар ошиқи беқарор мегардад. Аммо ишқи Робиа аз сарҳади маҷозӣ гузашта ба ишқи ҳақиқӣ мерасад. Бектош барои ў фақат баҳонае барои дўст доштан, парастидан ва ишқ варзидан мешавад.
Дар роҳи ин ишқ Робиа устувориву матонат ва шуҷоату мардонагӣ аз худ ба зуҳур меорад. Дар майдони разм ба хотири озод намудани маҳбуби худ мисли шери жаён меҷангад ва Бектошро аз ҳалқаи душманон раҳо менамояд.
Шоири бузурги замон Рўдакӣ бо Робиа ҳамсўҳбат ва аз ашъори ў огоҳ мешавад ва дар базми шоҳи Бухоро порае аз ин ашъор қироат мекунад ва аз хубиву муассирии он ҳарф зада, болотар аз шеъри худ мегузорад. Ба пурсишҳои шоҳ дар бораи муаллифи шеър Рўдакӣ, бехабар аз ҳузури Ҳорис дар базм ба ишқи Робиа посух медиҳад. Ҳорис чун аз ин қисса огоҳ мешавад, савори аспи ҷаҳл ба Балх баргашта, Бектошро ба чоҳ меандозад ва фармон медиҳад, ки дастони Робиаро раг зананд ва ба ҳаммоми тафсон дароварда, дари онро бо сангу гаҷ бубанданд.
Робиа дар ҳаммом миёни оташу ашку хун марги анқариби худро эҳсос намуда, дар девор бо хун шеърҳои охирини худро менависад ва сипас ҷон медиҳад.

пешина
аз 500
навбатӣ