Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин хабари ҷонгудоз ба гўши Бектош мерасад, ў аз зиндон мегурезад. Ҳорисро мекушад ва дар сари қабри Робиа худро низ ба ҳалокат мерасонад...
Ахборе, ки то ба мо расидааст, асосан ҳамин аст ва қиссаи мазкур бештар аз он ки ҳақиқати ҳол бошад, ба афсона шабоҳат дорад. Бидуни тардид, бунёди ин нақл бар «Илоҳинома»-и Шайх Фаридуддини Аттор (1145-1221) аст (1).
«Илоҳинома»-и шайх Аттор аввалин асари бадеӣ аз рўзгори Робиа аст, ки то ба мо расидааст. Ин асар дар шакли маснавӣ дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ба қалам омада, аз 6511 байт 428 байти он ба қиссаи ишқи Робиа бахшида шудааст. Дар маснавӣ баъд аз ҳамду сано сухан аз шаш писари ҳакиме меравад, ки ҳар кадом матлаби худро дар шакли суол ба падар баён мекунад ва дар посух ҳикояти судманде мешунавад.
Ҳикояти духтари Каъб дар посухи суоли писари шашум дар бораи ба даст овардани кимиё нақл шудааст. Падар баъди шунидани матлаби писар аз ишқи маҷозӣ ва ҳақиқӣ ҳарф мезанад ва камоли ошиқиро дар се ҳолат мебинад:
Агар дар ишқ мебояд камолат,
Бибояд гашт доим дар се ҳолат.
Яке ашку дувум оташ, севум хун, Агар оӣ аз ин се баҳр берун.
Даруни парда маъшуқат диҳад бор, Вагарна бас, ки маъшуқат диҳад кор.
Шайх Аттор ҳикояти духтари Каъб, хоҳари Ҳорисро оварда, қиссаи ошиқ шудани ўро ба ғуломи бародар нақл мекунад ва мулоқоти онҳоро дар даҳлез ва ҳалокати духтари Каъбро дар ҳаммом бозгў менамояд. Шайх Аттор ба сарчашмаи ин ҳикоят ишора карда мегўяд:
Зи лафзи шайхи Миҳна ин бидидам, Ки ў фармуд, ман ин ҷо расидам.
Бипурсидам зи ҳоли духтари Каъб, Ки ориф буд ўву ошиқи саъб.
Чунин гуфт, ў, ки маълумат чунон шуд, Ки он шеъре, ки аз табъаш равон шуд.
Зи сўзи ишқи маъшуқи маҷозӣ, Набикшояд чунин шеъре ба бозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор