Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Надошт ин шеър бо махлуқ коре, Ки ўро буд бо ҳақ рўзгоре.
Камоле буд дар маънӣ тамомаш, Баҳона омада дар раҳ ғуломаш.
Аз ин гуфтор маълум мешавад, ки муаллиф шарҳи ҳоли духтари Каъбро бо истинод ба нақли шайхи Миҳна ва фармудаи ў овардааст. Чунин бармеояд, ки духтари Каъб ориф ва ошиқ будааст ва шеъри ў бо махлуқ коре надошта ва ишқи ў ба маъшуқи маҷозӣ набуда, балки он ғулом танҳо баҳонае барои дўст доштани холиқ мебошад. Ин матлабро аз забони худи Робиа Аттор чунин баён мекунад:
Маро дар сина коре уфтодаст,
Валекин бар ту он корам кушодаст.
Чунон коре, ки ҷои сад ғулом аст, Ба ту дорам дилу инам тамом аст.
Туро ин бас набошад дар замона, Ки ту ин корро бошӣ баҳона.
Аз посухи Робиа аён мешавад, ки ишқи ў бар хилофи ишқи Бектош шаҳватбозӣ набуда, балки корест, ки «дар сина уфтодаст» ва ғулом танҳо баҳонаест барои дўст доштан. Дар сурати беназири ў Робиа таҷаллии нури ҳақро дидаву тасхир шудааст.
Аттор барои эътимод бахшидан ба сухани худ қавли Абўсаидро шоҳид оварда, худаш низ ба сўфимашраб будани Робиа бовар дорад.
Ҳарчанд ки «Илоҳинома» асари мустанад нест ва Шайх Аттор дар асари мустанади худ аз Робиаи Балхӣ ёд намекунад, гумон меравад, ки ҳикояти духтари Каъб газофу фасона нест.
Тақрибан дар як вақт бо «Илоҳинома» «ал-Мўъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ (1218-1233) (2) ва «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ (1221-1222) таълиф шудаанд (3), ки низ аз қадимтарин сарчашмаҳои мўътабар маҳсуб мешаванд. На «ал-Мўъҷам» ва на «Лубоб-ул-албоб» иттилои чандон дақиқе роҷеъ ба шарҳи ҳоли Робиа намеоранд, вале ашъоре, ки дар ин осор интиқол мешавад, бешак, шахсияти воқеӣ будани Робиаро собит мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор