Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарчашмаи дигаре, ки аз Робиа иттилоъ медиҳад, «На-

фаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ(4) аст, ки солҳои 1475-76 таълиф шудааст. Аз унвони ин китоб «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» ҳам маълум аст, ки дар он сухан аз аҳли тасаввуф меравад. Дар ин асари Ҷомӣ шарҳи ҳол ва тавсифи 609 нафар сўфӣ – намояндагони силсилаву тариқатҳои гуногуни тасаввуф аз давраҳои аввали пайдоиши он то рўзгори муаллиф зикр шудааст. Дар асари мазкур дар боби «Фӣ-зикр-ун-нисо-ал-орифот ал-восилот ило маротиб ар-риҷол» зикри занҳои мутасаввиф омадааст, ки духтари Каъб низ миёни онҳост.
Мавлоно Ҷомӣ исми духтари Каъбро зикр накардааст.
Маълумоте, ки ў медиҳад, хеле мухтасар аст ва он ҳам истинод бар гуфтаи Абўсаиди Абулхайр аст.
«Шайх Абўсаиди Абулхайр... гуфтааст, ки: духтари Каъб ошиқ буд бар ғулом, аммо пирон ҳама иттифоқ кардаанд, ки ин сухан, ки ў мегўяд, на он сухан бошад, ки бар махлуқ тавон гуфт. Ўро ҷои дигар кор афтода буд.
Рўзе он ғулом он духтарро ногоҳ дарёфт, сари остини вай гирифт. Духтар бонг бар ғулом зада, гуфт: «Туро ин бас нест, ки ман бо Худовандам ва он ҷо мубталоям, бар ту берун додам, ки тамаъ мекунӣ?». Шайх Абўсаид гуфт: «Сухане, ки ў гуфтааст, на чунин аст, ки касро дар махлуқ афтода бошад».
Вай гуфтааст:
Ишқро боз андар овардам ба банд, Кўшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй мустаманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд.
Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,
6 К-аз кашидан тангтар гардад каманд»

  1. Дар сарчашмаи мазкур ҳарфи тоза истинод бар
    6 Аз маълумоти мазкур ба хулосаҳои зерин метавон расид:
пешина
аз 500
навбатӣ