Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

гуфтори Шайх Абўсаиди Абулхайр аст, ки Робиаро, бидуни тардид, аз аҳли тасаввуф мешуморад.
2. Истиноди дигари Ҷомӣ, гумон мекунем, бар «Илоҳинома»-и Аттор аст, ки он ҷо қиссаи мулоқоти Робиаву Бектош дар даҳлези айвон ба риштаи назм кашида шуда ва сабаби қаҳру итоби Робиа ҳам айнан чунон аст, ки дар «Нафаҳот-улунс» омадааст.
3. Fазале, ки Ҷомӣ аз Робиа овардааст, қаблан дар сарчашмаҳои қадимтар зикр нашуда буд, ба ҷуз байти охир, ки дар «Луғати Фурс»-и Асадии Тўсӣ бо номи Оғоҷӣ интиқол ёфтааст.
4. Зикри Робиа дар «Нафаҳот» далели он аст, ки худи Ҷомӣ низ ба аҳли тасаввуф будани Робиа мўътақид буд.
Маълум мешавад, ки гуфтаи шайх Абусаид дар «Илоҳинома» ва «Нафаҳот-ул-унс» хеле ба ҳам шабоҳат доранд.
Чунончи, Шайх Абўсаид гўяд:
«Ўро ҷои дигар кор афтода буд».
Шайх Аттор гўяд:
«Маро дар сина коре уфтодаст».
Шайх Абўсаид:
«Туро ин бас нест, ки ман бо Худовандам ва он ҷо мубталоям».
Шайх Аттор:
«Туро ин бас набошад дар замона,
Ки ту ин корро бошӣ баҳона».
Чунон ки аз ин маълумот бармеояд, Шайх Аттор дар
«Илоҳинома» ва Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳотул-унс» ҳини зикри ҳикояти духтари Каъб ва зиндагиномаи ў ба мақолоти Шайх Абўсаид такя кардаанд. Пас, маълум мешавад, ки аввалин касе, ки дар бораи Робиа маълумот додаву чанд байти ўро зикр кардааст, Абўсаиди Абулхайр аст, ки бо тахаллуси Шайхи Миҳна ё пири Миҳна маъруфият дорад ва аз нахустин намояндагони сўфия дар адаби форсист.
Барои санҷидани воқеияти ин сухан мо ба осори Шайх
Абусайид, аз ҷумла ба «Асрор-ут-тавҳид», «Ҳолот ва суханони Абусайиди Абулхайр», «Мақомот» ва осори дигари ў муроҷиат кардем. Ҳарчанд дар ҳеч кадоми ин осор гуфтаи Шайхи Миҳна дар бораи духтари Каъб пайдо нашуд, далоиле ҳаст, ки ботил набудани ин гуфтори Шайхи Миҳнаро собит мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор