Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Он нукта бебаҳс аст, ки шайх Аттор дар маснавиҳои «Илоҳинома», «Асрорнома», «Мусибатнома», «Мантиқ-уттайр» ҳикоёти зиёдеро марбут ба Шайх Абусаид ба риштаи назм кашидааст, вале он ҳикоёт дар осори Шайх Абусайид ба назар намерасанд. Ҳелмут Риттер ҳам дар «Дарёи ҷон»(6) санаде барои онҳо ёфта натавонистааст. Ин нуктаро устод Шафеи Кадканӣ низ дар китоби худ «Чашидани таъми вақт» (7) тасдиқ мекунад.
Аз ин ҷо ба хулосае мерасем, ки баъзе аз осори Шайх Абўсаид то рўзгори мо нарасида ва ё ҳанўз ба даст наомадааст, вале он нукта, ки шайх Аттор ва хоса Мавлоно Ҷомӣ дар асари мустанад ба қавли ў такя кардаанд, бурҳони қотеъ ба воқеияти он аст.
Баҳси дигар, чунон ки таъкид шуд, марбут ба баъзе абёти Робиа аст, ки баъзе сарчашмаҳо ба қалами Абўсайиди Абулхайр мансуб донистаанд. Чунончи, дар «Луғати Фурс»
байти «Тавсанӣ кардам» ба номи Оғоҷӣ, дар «Анҷуманоро»
ва «Онандроҷ» ҳар се байт ба номи Абўсайиди Абулхайр зикр шудааст.
Сухан дар бораи абёти зерин аст:
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд.
Тавсанӣ кардам надонистам басе, К-аз кашидан тангтар гардад каманд (5).
Устод Шафеии Кадканӣ дар китоби «Чашидани таъми вақт», ки ба мақомоти куҳан ва навтарини Бўсаид бахшида шудааст, дар қисмати «Рубоиёти Шайх Абўсаид» ду байти аввалро ҷой додааст. Аммо дар поварақ ў ба рубоӣ набудани ин абёт иқрор мешавад ва мегўяд, «Бо ин ки рубоӣ нест, тағйире дар ҷои он надодем»(8, с. 259) Он нукта низ қобили таъкид аст, ки дар феҳрасти алифбоии ашъор дар «Ҳолот ва суханони Абўсаиди Абулхайр» устод Шафеии Кадканӣ баъди овардани ду байти аввали фавқуззикр навиштааст, ки «эҳтимолан аз Робиа бинти Каъб аст» ва ба осори зерин ишора кардааст: «Нафаҳот-ул-унс», 431, «Мирсод-ул-ибод», 73 ва таълиқоти он, 582, «Хулосаи мақомот», чопи Лоҳур, 4, «Асрор-ут-тавҳид», 343» (9).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор