Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомот-уш-шайх Абўсаид»
абёти Робиа дар ду маврид бидуни зикри номи ў аз ҷониби шайх Абўсаиди Абулхайр хонда мешавад. Дар ҳикояти аввал омадааст: «Шайхи моро писари хурд фармон ёфт ва шайх ўро азим дўст доштӣ. Чун ўро ба гўристон бурданд, шайхи мо ўро ба дасти хеш дар хок ниҳод ва чун аз хок баромад, ашк аз чашми мубораки ў меҷаст ва ин байт мегуфт:
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд.
Тавсанӣ кардам надонистам басе, К-аз кашидан тангтар гардад каманд (10).
Дар ҳикояти дигар шайх ду байти Робиаро барои писараш ҳамчун насиҳати худ мехонад ва он ҳикоят чунин аст:
«Шайхи мо, ҳам дар ин маҷлис рўй ба фарзанди меҳини хеш Хоҷа Бўтоҳир карда ва гуфт: Ё Бўтоҳир бар пой хез. Хоҷа Бўтоҳир бар пой хест. Шайх ҷомаи ў бигрифт ва ба хештан кашид. Турову фарзандони туро бар хидмати дарвешон вақф кардем. Ин насиҳати мо гўш дор. Байт:
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ, Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд.
Пас гуфт: Қабул кардӣ? Гуфт: Кардам. Шайхи мо гуфт:
Касоне, ки ҳозиранд, бад-онҳое, ки ғоибанд, бирасонанд, ки Хоҷа Бўтоҳир қутб аст, бад-ў ба чашми бузург нигаред» (11).
Дар «Ҳолот ва суханон» низ хамин хикояти дувум бо ду байти зикршуда айнан нақл шудааст (12).
Чунон, ки мебинем, дар ин ду ҳикоят се байт нақл шудааст, ки зимнан дар як вазну қофия буда, идомаи мантиқии якдигаранд ва ин ғазалро бори аввал Мавлоно Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» дар шакли комил иборат аз 5 байт дар зикри номи «Духтари Каъб» нақл кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор