Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба мансубияти ин абёт ба қалами бинти Каъб далоили зерин дорем:

  1. Мавлоно Ҷомӣ, бешак, аз сарчашмаи мўътамаде барои «Нафаҳот-ул-унс» санад овардааст.
  2. Шайх Абўсаид дар аксар маврид худаш шеър нагуфта, балки ашъори дигаронро қироат кардааст. Дар ин бора қавли Е. Э. Бертелс маълум аст, ки «Шайх Абўсаид худ рубоӣ нанавишта, ў ашори дигаронро ғолибан аз адабиёти шифоҳӣ истифода кардааст». Худи Абўсаид низ, ҳарчанд ки ба номаш «Девон» тартиб додаанд (13), тасдиқ мекунад, ки «Мо ҳаргиз шеъре нагуфтаем, ашъоре, ки хондаем, ба қалами мардони бу-

зург мансуб аст ва ағлаб моли Абулқосими Бишр аст»…
Дарвоқеъ, дар байни ашъоре, ки дар осори Абўсаид ҷой доранд, ашъори устод Рўдакӣ, Хайём, Айнулқузот, Абулқосими Бишр, Сино ва дигарон ба мушоҳида меоянд. Агар шайх Абўсаид мақоми Робиаро чунон баланд шинохта бошад, ки зикраш дар «Нафаҳот-ул-унс» рафт, пас шак нест, ки абёти ўро низ бо муҳаббат аз бар кардаву дар ҳолоти мувофиқ хонда бошад.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки Шайх Абўсаиди Абулхайр аввалин касест, ки дар бораи духтари Каъб ва ошиқу шоир будани ў хабар додааст. Ў ашъори Робиаро аз ёд медониста ва дар ҳолоти гуногуни худ онҳоро мехондааст.
Шайхи Миҳна ба ориф будани Робиа эътимод доштааст ва шайх Аттору Мавлоно Ҷомӣ ва баъди онҳо ҳамаи тазкиранависони дигар низ ин қавли ўро тақвият додаанд.

Пайнавишт:

  1. Фаридуддини Аттор. Илохинома.–Техрон, 1361.
  2. Шамси Қайси Розӣ. ал-Мўъчам фи маойири ашъор-ил-Аҷам.– Душанбе, 1991.
  3. Муҳаммад Авфии Бухороӣ. Лубоб-ул-албоб, 1361, с. 61-62.
  4. Абдураҳмони Ҷомӣ. Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс.– Теҳрон, 1370.
  5. Ҳамон асар, с. 608.
  6. Ҳелмут Риттер. Дарёи ҷон.–Теҳрон, 1379.
пешина
аз 500
навбатӣ