Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. Чашидани таъми вақт. Абусаиди Абулхайр.–Теҳрон, 1386.
  2. Ҳамон асар, с. 259.
  3. Ҳолот ва суханони Абўсаиди Абулхайр. Муқаддима, тасҳеҳ ва тавзеҳоти Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ.–Теҳрон, 1384, с.
  4. Асрор-ут-тавҳид фи мақомоти шайх Абўсаид. Муҳаммад ибни Мунаввар бо муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти д-р Шафеии Кадканӣ.–Теҳрон, 1366, с. 343.
  5. Ҳамон ҷо, с. 193.
  6. Ҳолот ва суханон…, с. 134.
  7. Девони Абўсайиди Абулхайр / Бо кўшиши Муҳаммад Оламгири Теҳронӣ.–Теҳрон, 1363.
  8. Материалы международной научной конференции, посвященной памяти великого мыслителя Востока Абу Сахыта Абул Хайра.–Ашгабат, 1999.
    Соли 2010

МЕРОСИ АДАБИИ МАСТУРАИ КУРДИСТОНӢ

Суханҳои ту, Мастура, ҳаловатбахши ҷонҳо шуд, Ҷаҳонро пуршакар кардӣ, макун дигар шакархоӣ.
Моҳшарафхонум, мутахаллис ба Мастура аз машоҳири занони суханвари асри ХІХ аст, ки ашъори зебову дилпазире гуфта ва дар таълифи осори таърихиву динӣ низ дасти қавӣ доштааст.
Моҳшарафхонум духтари Абулҳасан ва ҳамсари остондори Санандиҷи Ардалон Хусравхони Ноком аст. Ў аз асилзодагони Курдистон буда, аз ҷониби модар вазирзода ва аз ҷониби падар аз хонаводаи маъруфи Қодирӣ будааст. Бобокалони модарии Мастура Мирзо Абдуллоҳ вазири дарбори Хусравхони Бузург (1170/1756-1205/1790) бо хидмати содиқона ва донишу фазоили зиёди дигараш миёни хосу ом эътибор доштааст. Бобои падарии ў Муҳаммад-оқо солҳо дар вазифаи нозири Хусравхони Бузург ва пасовандони ў хидмат мекунад ва соҳиби молу мулки зиёде мешавад. Падари Моҳшарафхонум Абулҳасанбек ба вазифаи тарбиятгари дарбори писари Хусравхони Бузург – Амонуллоҳхон (1214/1799-1240/1824) даъват мешавад ва тарбияи писари Амонуллоҳхон – Ҳусайнқулихон, ки дертар бо тахаллуси Ҳовӣ дар шоирӣ шўҳрат меёбад, ба ўҳдаи ў вогузор мешавад.

пешина
аз 500
навбатӣ