Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Моҳшарафхонум, фарзанди нахустини Абулҳасанбек соли 1220/1805-1806 дар шаҳри Санандиҷи остони Ардалон дар замони ҳокимияти Амонуллоҳхон ба дунё меояд. Падар ба тарбияи духтараш таваҷҷўҳи махсус зоҳир мекунад ва дере нагузашта ў аз муҳимтарин илмҳои замони худ бохабар мешавад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, духтарони курдистонӣ дарсҳои махсуси овозхонӣ, рақс, дўзандагӣ ва аспсаворӣ мегирифтанд ва дар ин риштаҳо тавфиқи зиёд низ доштанд, аммо ба саводомўзии онҳо эътибори ҷиддӣ дода намешуд. Бар хилофи одати маъмул Абулҳасанбек шавқи беандозаи духтарашро ба таҳсили илм пай бурд, ўро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд ва Моҳшарафхонум хеле зуд ба сифати духтари соҳибфазлу донишманд ва хушзавқу баиффат шўҳрат пайдо кард.
Модари Моҳшарафхонум Маликнисохонум ном дошта, чунонки ёд шуд, вазирзодае аз хонаводаи некноми Курдистон будааст. Мастура дар марсияе, ки дар мотами ў навиштааст, модарашро чунин тавсиф намудааст:
Ҷаҳони ҳусну малоҳат Маликнисохонум,
Ки ҳамчу ў ба сафо модари замона назод.
Халиқи хулқу накўтинату ҳамидахисол,
Сутудахислату покизахўю покнажод.
Надида дидаи гардун чу он афифа карим,
Надида чашми замона чу он заифа ҷавод.
Батулиисмату Ҳаввоифофу Осияхўй
Зубайдасирату Марямдаму Хадиҷаниҳод…
Кунун зи фурқати модар ба дил ҳамедорам,
Ки то абад зи суруру шааф наёрам ёд.
Тақрибан дар синни 20-солагӣ Моҳшарафхонум бо
Хусравхон, писари Амонуллоҳхон, ки он замон ҳокими Ардалон буд, издивоҷ менамояд. Ҳамсари аввали Хусравхон духтари шоҳ Фатҳалишоҳи Қоҷор Ҳуснҷаҳонхонум буд, ки тибқи маълумоти тазкираҳо ба шеъру шоирӣ майл дошт ва бо тахаллуси Волия шеър мегуфт (1).

пешина
аз 500
навбатӣ