Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Пурони Фаррухзод дар «Донишномаи занон» хабар медиҳад, ки Хусравхон шоири тавоно будааст. Тибқи маълумоти ў «Моҳшарафхонум соли 1219 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омадааст. Дар авҷи суханпардозӣ бо Хусравхон, писари Амонуллоҳхони Ардалонӣ, волии Курдистон, ки ў низ шоири тавоно буда, ва пеш аз ин бо Волия, духтари Фатҳалишоҳ заношўӣ карда буд, паймони издивоҷ баст ва ба унвони ҳамсари дувум ба ҳарамсарои ў рафт ва аз он пас дар муҳити адибонатаре ба шоирӣ идома дод» (2).
Хусравхон баъди издивоҷ бо Моҳшарафхонум ба донишу фазилат, одобу маърифат ва ҳусну ҷамоли ў қоил шуда, ўро вазири хонаи андарун таъйин мекунад ва лутфу марҳамати махсусе ба ў зоҳир менамояд. Ҳарчанд ки Моҳшараф соҳиби фарзанд намешавад, вале дилбастагии ў ба шавҳар ва маҳбубияти ў назди Хусравхон ошкор аст ва аз ашъораш низ ба мушоҳида меояд. Чунончи, дар ғазале мегўяд:
Ҷони ширин кунам исори насиме, ки аз ў Накҳати Хусрави Парвизлиқо меояд.
Дар ғазали дигар низ байте дорад ба ҳамин маънӣ:
Гарам з-он Хусрави хубон паёме бод овардӣ, Ба мужда ҷони ширинро нисори бод мекардам.
Ва боз ҳам меафзояд:
Шукри Эзид, ки ба кўрии рақибон сўи ман, Номаи Хусрави ҷамшеднишон меояд.
Хусрав дар шеъри Мастура шоҳи адлгустар аст, ки дар сояи марҳамати ў будан камоли хушбахтист:
Аз сарири шаҳиву давлати ҷовид маро Сояи марҳамати Хусрави одил хуштар.
Мастура аз муҳити шеърпарвари хонаводаи шавҳар изҳори хушнудӣ мекунад:
Туро, Мастура, ин баҳри муҳити табъи гавҳарзо Зи юмни илтифоти Хусрави моликриқоб астӣ.
Аммо гоҳе аз дурии ёр ва ҳуқуқ надоштан барои ширкат дар базми Хусрав шикоят ва аз ёварону ходимони шоҳ гила менамояд:
Кай раҳ диҳандам дар базми Хусрав, Хосони ҳазрат, худдоми даргоҳ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор