Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гоҳе аз сидқу вафои худ ба ў сухан меронад:
Гарам Хусрав чу Ширин аз вафо побаст нанмудӣ,
Ба олам хешро расвотар аз Фарҳод мекардам.
Аммо рўзгори босаодати ў дер намепояд. Соли 1834
Хусравхон дар синни 30-солагӣ бо сабаби беморӣ аз дунё дармегузарад ва, бо ҳамин, ба номи ў лақаби Ноком пайваста мешавад. Мастура аз марги бармаҳали Хусравхони Ноком хуни ҷигар мехурад ва дар чандин шеър ҳасрати худро баён мекунад. Чунончи, дар ғазали зерин дарду андўҳи ҷонгудози худро ба ин тариқ ифшо менамояд:
Чунонам аз бар он ҷони ҷаҳон рафт,
Ки гўӣ аз танам якбора ҷон рафт.
Мабанд, эй сорбон, маҳмил, ки имрўз,
Зи оби чашм натвон корвон рафт.
Раво бошад шавам жўлида чун мўй,
Зи шаҳри мо чу он мўйинмиён рафт.
Дареғ, он гул ба сўи Ҳай шитобон
Хилофи хоҳиши мо, дўстон, рафт.
Чу шуд он маҳ равон, Мастура гуфто,
Ки, афсўс, офтоби Ардалон рафт.
Дар ғазали мазкур вожаи «офтоб» ифодагари номи шахси аввалмақоми Ардалон аст. Гоҳе аз вожаи «меҳр» низ шоира барои ифодаи ҳам номи маҳбуб ва ҳам тамсили муҳаббату меҳрабонӣ таҷнис сохтааст.
Азбаски писари бузурги Хусравхон Ризоқулихон дар замони фавти падар ҳамагӣ 11 сол дошт, модари ў Ҳуснҷаҳонхонум ҳокимиятро ба дасти худ мегирад ва бо лақаби Волия машҳур мешавад. Дертар Ризоқулихон ба сари ҳокимият меояд ва бо сабаби ихтилофи зиёд бо модар соли 1847 ба ҳабс гирифтор шуда, ба ҷои ў Хусравхони Гурҷӣ ҳокими Ардалон таъйин мегардад. Ин ҳокими ҷаррор ба хонаводаи Бани Ардалон бетараҳҳум буд, бинобар ин, Моҳшарафхонум дар қатори аҳли ин хонавода ба ҷониби Сулаймонияи Бобон рў ба гурез мениҳад ва бо мушкилоти хеле зиёд аз Авроман ба Сулаймония расида, дар манзили писараммаи худ Ҳусайнқулихони шоир ҳамроҳи амакаш Мирзо Абдуллоҳи Муншӣ, муаллифи тазкираи «Ҳадиқаи Амонуллоҳӣ» паноҳ мебарад.

пешина
аз 500
навбатӣ