Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар ин ҷо ў оромиши ҷисмониву равонӣ пайдо мекунад ва таълифи «Таърихномаи Ардалон»-ро, ки як навъ таърихи хонаводаи ҳамсараш аст, идома мебахшад. Аммо боз ҳам тақдир ба ў бераҳмӣ мекунад ва моҳи ноябри соли 1847 Ҳусайнқулихон баъди бемории кўтоҳ аз дунё чашм мепўшад, ки ин ҳодиса Моҳшарафхонумро хеле андўҳгин ва ғамзада мегардонад. Дере нагузашта худи ў низ гирифтори маризӣ мешавад ва тақрибан баъди як моҳи фавти Ҳусайнқулихон риштаи умри ў низ бурида мешавад.
Шарқшиноси рус, мутарҷим ва таҳиякунандаи «Таърихи Ардалон» ба забони русӣ Е. Василева ҳадс мезанад, ки Моҳшараф ва Ҳусайнқулихон робитаи маънавӣ ва дилбастагии махсусе ба ҳам доштанд ва шояд падари Мастура умед дошт, ки духтари маҳбуби худро ба ҷиянаш ба шавҳар медиҳад (4).
Моҳшарафхонум дар қабристони «Гирди Сайвон», ки хокҷои шоирони курди асри ХІХ аст, дафн карда мешавад.
Мастураи Курдистонӣ бо вуҷуди зиндагии кўтоҳ шахсияти хеле равшани фарҳангии замони худ буд, ки ин матлабро тамоми сарчашмаҳои марбут ба замони ў собит мекунанд. Аз ҷумла, муаллифи ҷомеътарин тазкираи форсӣ «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят таъкид мекунад, ки ин шоира «аз нисвони наҷибаи машҳура, сабияи Абулҳасанбек ва манкўҳаи Хусравхон – волии Санандиҷ буда, ағлаби хутутро хуш менигошта, зане афифаи ҷамилаи мардона буда ва Моҳшараф ном дошта, дар санаи 1267 реҳлат ёфта» (5).
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Моҳшарафхонум бо тахаллуси Мастураи Курдистонӣ (Мастура – босатр, аз решаи мастури арабӣ, яъне, пинҳон будан, нуҳуфта будан, ки барои занони мусалмон хос буд) асарҳо таълиф намудааст. Мероси адабии ў иборат аз «Таърихномаи Ардалон», девони ашъор ва як асари ҳанўз нопайдои динӣ будааст.
Таълифи «Таърихномаи Ардалон» ҳанўз аз замони зинда будани Хусравхони Ноком шурўъ шуда, то рўзҳои вопасини умри муаллиф идома меёбад ва охирин навиштаҷоти Мастура аз вазнин будани аҳволи саломатиаш хабар медиҳад.
Дувоздаҳ саҳифаи охири китобро амаки Мастура Мирзо Абдуллоҳи Муншӣ, ки ҳамроҳи ў дар қатори гурезагон буд, навишта, таърихномаи хонаводаи Бани Ардалонро ба поён расонидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор