Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин асар соли 1946 баъди таъсис ёфтани Курдистони Шимолӣ аз ҷониби олими курд Носири Озодпур таҳия ва интишор меёбад ва ин олим дар бораи мавҷудияти китоби динии ҳанўз нопайдои Мастура низ хабар медиҳад. Соли 1990 асари мазкурро курдшиноси рус Е. Василева ба забони русӣ тарҷума карда, дар Маскав ба табъ мерасонад, ки муқаддима ва тавзеҳоти хеле пурбор дорад.
Ба қавли муаллифи «Ҳадиқаи Носирия» Алиакбархони Содиқ, девони ў шомили 20 000 байт буда, вале тибқи маълумоти Носири Озодпур на бештар аз 10000 байтро фаро мегирифтааст. Бояд гуфт, ки то имрўз на бештар аз 2 000 байти форсии шоира дар ихтиёри хонандагон қарор дорад. Ба қавли номбурдагон, гўё як қисми ашъори Мастура ба шеваи қурании забони курдӣ таълиф ёфтааст, ки аз бозёфт ва нашри онҳо хабаре нест.
Нахустин касе, ки ба ашъори ў таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, онро ҷамъ овард ва дар шакли девон соли 1302/1926 дар Теҳрон мунташир кард, Ҳоҷӣ Шайх Яҳёи Маърифат буд.
Дар нашри Девони Мастураи Курдистонӣ донишманди маъруф Мирзо Асадуллоҳи Курдистонӣ ва соҳиби китобхонаи «Шарқ» Муҳаммад-оқои Рамазонӣ низ ширкат доштанд.
Муқаддимаи китобро Яҳёи Маърифат ва хотимаи онро Абулбақо Мўътамади Курдистонӣ навиштаанд ва ин китоб алҳол хеле нодир аст.
Соли 1362 / 1984 Аҳмади Карамӣ дар Теҳрон «Девони Моҳшарафхонум мутахаллис ба Мастураи Курдистонӣ»-ро аз рўи девони мураттабнамудаи Яҳёи Маърифат чоп намуд, ки ҳомили 1718 байт буда, анвои гуногуни манзум, аз ҷумла ғазал, қитъа, қасидаву марсия, тарҷеоту маснавиёт, моддаи таъриху рубоиётро дар бар мегирад (6).
Ашъори Мастура бо тасвирҳои ҷолибу авзони хушоҳанг, гуногунии мавзўву рангинии хаёли шоира имтиёз дорад:
Ояд шамими меҳру муҳаббат зи турбатам, Хоки маро агар паси сад қарн бў кунанд.

пешина
аз 500
навбатӣ