Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пухтагӣ хоҳӣ агар, Мастура, ишқ омўзу бас, Ишқ бошад, ишқ, к-он ҳар ҷоҳиле комил кунад.


Дар кўи ишқ ҳоҷибу дарбону бандаанд Султони Руму Хусрави Эрону Пётри Рус.


Ҳаргиз машав ту ғарра бар домодии ҷаҳон, Чашми вафо мадор аз ин шўи сад арўс.
Мисли абёти фавқ мазомини ҷолибу дилнишин дар девони шоира зиёд ба назар мерасад. Агар дар абёти аввал сухан аз бузургӣ ва қудрати ишқ бошад, дар байти дувум ворид шудани исми шоҳи Русия Пётри 1 ба шеъри форсии асри ХІХ хеле ҷолиб менамояд. Дар байти охир шоира бар хилофи тасвири маъмулии шуарои форсӣ, ки ҷаҳонро аҷузаву арўси сад домодаш хондаанд, тасвири тозаи «домод» ва «шўи сад арўс»- ро ба қалам меорад.
Дар ашъори Мастура абёти ифтихорӣ низ фаровон ба назар мерасад:
Дафтари Мастураро дар кўчаву барзан, Халқ сароянд ба навои дафу чанг.


Шеъри ту, Мастура, дар замона диҳад бас Зеб ба базми Қубоду маҳфили Парвиз.


Дурри рахшони сухан ин ҳама, Мастура, ту дорӣ, Оқибат мекашӣ овеза ту дар гўши Низомӣ.


Хомаи Мастураи ширинзабон
Доди сухан дод дар ин достон.
Аз ашъори Мастура баъзе ҷузъиёти аҳволи ў ба мушоҳида меояд. Чунончи, шояд баъд аз даргузашти Хусравхон Мастура ба ҷабри пайвандони ў гирифтор мешавад, ки мегўяд:
Чунон з-аҳбоб бад дидам, кунун, Мастура, мехоҳам, Шавам овораи даҳру кунам тарки диёри худ.
Гоҳе аз ҷабри замона ва беқадрии суханварони асил садои шиква баланд мекунад:

пешина
аз 500
навбатӣ