Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Даъвии фазл ту, Мастура, макун з-он ки ба даҳр, Фозилонро ба Худо появу миқдоре нест.
Мастура ба саноеи бадеии лафзиву маънавӣ, аз ҷумла таҷнису талмеҳ майли зиёд дорад.
Талмеҳ аз пуркорбурдтарин саноеи шеъри Мастура ба шумор меояд. Қариб дар ҳар шеъри ў аз як то даҳ ва бештар аз ин талмеҳ ба мушоҳида мерасад. Дар миёни талмеҳот касрати асомии Хусраву Ширину Фарҳод ва Парвиз аён аст. Ба ғайр аз ин Маҷнун, Лайло, Монӣ, ганҷи Қорун, Даҷла, мушки Хито, мўъҷизаи Мўсо, дами Исо, нахли Тўбо, водии Айман, Ҷам, Кай, Ҷабраил, Алӣ, Кавсар, Салсабил, оҳуи Хутан, чоҳи Хизр, Бесутун, Юсуф, Зулайхо, Пури Гуштосп, Рустам, Рахш, Тўрон, Бежан, Фаридун, Баҳман, мулки Сулаймон, иқлими Кай, мулки Тагин, базми Қубод, маҳфили Парвиз, тахти Хусрав, шери Худо, шоҳи Наҷаф, сеҳри Набӣ, соҳиби Дулдул, оташи Намруд, Иброҳим, Мавло, бути Чин, маҳи Кашмир, дашти Аржан, мушки Хутан, тоҷи Қубод, тахти Хусрав ва ғайра зиёд ба кор гирифта шудааст. Ҳамчунин ба мушоҳида расид, ки шоира аз номҳои занони машҳур низ барои талмеҳ истифода мебарад. Чунонки дар байте мегўяд:
Батулиисмату Ҳаввоифофу Осияхўй, Зубайдасирату Марямдаму Хадиҷаниҳод.
Дар ашъори Мастура шахсияти заноне чун Фотимаву Заҳро, Хайруннисову Батул, Лайливу Ширин, Зулайхову Гулшод низ ба сифати замина барои офаридани тасвирҳои шоирона мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар девони Мастура, чунонки ёд шуд, тарҷеъбанду таркиббанд низ ҷой дорад ва аз дасти қавии гўяндааш дар ин анвои шеър гувоҳӣ медиҳад. Тарҷеъбанди шоира иборат аз чаҳор банд буда, миқдори абёти хонаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Банди аввал 20 байт, банди дувум 28, банди севум 16 ва банди охирин 24 байт буда, байти восила дар онҳо тағйир намеёбад ва баъди ҳар хона такрор мешавад:
Ғайри Эзиди якто қиблаи суҷуде ку?
Ҷуз Худои беҳамто воҷидулвуҷуде ку?
Байти восила мисли абёти дигар дар вазни фоилоту мафъўлун фоилоту мафъўлун гуфта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор