Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар таркиббандҳои Мастура, ки ҳомили 9 банд мебошанд, мавзўи ашъор мотаму фироқ аст. Дар чаҳор банди аввал ашъоре дар сўги модар ва дар 5 банди охир сухан аз дарду доғи бародар рафтааст.
Дар банди аввал шоира ба рўҳи модар муроҷиат мекунад:
Боз гў зери гил он наргиси шаҳло чун аст?
В-он хироми қади хушҳайати раъно чун аст?
Байти аввали банди чаҳорум аз ҷароҳати ҷовидонӣ – бохтани модар гўёи ҳол аст:
Захме аз рафтани модар ба тану ҷон дорам, Хуни дил рехтан аз дидаи гирён дорам.
Дар бандҳои дигари таркиббанди мазкур шоира аз Булмуҳаммад ном бародари худ, ки хеле ҷавон дунёро падруд гуфтааст, ба алам ёд мекунад:
Булмуҳаммад, он ниҳоли навраси родам, дареғ, Эй дареғ, аз боғи айш он сарви озодам, дареғ.
Дар банди дигар мегўяд:
Хоҳареро кай чу ман доғи бародар бурдамат, Кам ба олам з-ин ситам, ё раб, дигар гум бод ном…
Ҳовиву Равнақ куҷо эдар навохонӣ кунанд, Чун зи ғам Мастураро абкам бувад килки калом.
Дар байти охир сухан аз ду шоири Курдистонӣ – Ҳовӣ ва Равнақ рафтааст, ки аввалӣ писараммаи Мастура Ҳусайнқулихон мебошад, ки бо тахаллуси Ҳовӣ ашъори зиёд гуфтааст.
Дар бахши ашъори парокандаи китоб якчанд моддаи таъриху марсияҳо ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи таърихи аввал, ки ба зодрўзи писари Мулло Ҳасан, ки «ба фазлу ҳунар бемисолу ваҳид буд», як ҷузъи зиндагии Мастура ошкор мешавад. Шоира Мулло Ҳасани мазкурро устоди худ ном мебарад:
Ба ҳукми он ки ваям устоду ман шогирд, Чу аз бариди сабоям ба гўш мужда расид.
Дар ин моддаҳои таърих аз шахсони барўманди ҳамзамони шоира сухан рафтааст, аз ҷумла «махзани одобу дониш Мирзо Абдулкарим», «фахри абнои замон Иброҳим», «кони мурувват Бобохон», модари шоира Маликнисохонум, фахри дин Мирзо Фараҷуллоҳ, Оқо Асадуллоҳ Беҳинзодаи Хусрав, Маҳмуд-оқо ва дигарон.

пешина
аз 500
навбатӣ