Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дигар аз ашъори дилпазире, ки шомили девон шудааст, се маснавӣ аст: яке маснавие дар бораи гулу булбул, дигар, қиссаи ошиқу маъшуқ ва охирин, маснавии нотамоми некмард ва гавҳар аст.
Рубоиёти Мастура намое аз завқу табъи баланди ўст.
Дар рубоиёт низ аҳволи шоира, дарди ҷонсўзи ишқ, вазъи зиндагии ў, ҷаври фалак бар ҷони шоир хеле муассир ба қалам омадааст. Дар рубоие ба узрхоҳӣ ба маъшуқ мегўяд:
Шириндаҳано, зи қавли талхам хиҷилам
В-аз номаи зишти хештан мунфаилам.
Аз меҳру муҳаббатам набахшӣ ту агар,
Берун н-ояд пои хиҷолат зи гилам.
Шоира рўи ниёз ба бандагон надорад. З-ин рў, мухотаби ў ағлаб Холиқи яктост:
Ё раб, ту ба фазли хеш дилшодам кун,
Аз қайди балову меҳнат озодам кун.
Эй холиқи бениёзи раҳмону раҳим,
Раҳме ба фиғону оҳу фарёдам кун.
Ҳамин тариқ, аз мутолиаи ашъори Мастура эҳсос мешавад, ки аз килки ин шоираи соҳибфазлу хуштабъ абёти зебои фаровоне рўи сафҳа рехта ва ў аз муқтадиртарин шоираҳои садаи ХІХ будааст, ки аз паи худ як зумра қаламкашони дигарро ба майдони адабиёт ҳидоят намудааст. Ҳифз шудани девони ў дар радифи камтарин девони занони соҳибқалами то садаи ХХ гувоҳи он аст, ки ин шоираи хушадо бо вуҷуди талхкомиҳои рўзгор ва ҷавонмаргӣ, боз ҳам хушнасиб будааст, ки то имрўз ашъор ва осори таърихиаш бозгўи ҳунари зебо ва фазлу дониши камназири ў боқӣ мондааст.
Пайнавишт:
- Кишоварзи Садр. Аз Робиа то Парвин.–Теҳрон: Чопи Ковиён, 1334.–С. 268.
- Пўрони Фаррухзод. Донишномаи занони фарҳангсози Эрон ва ҷаҳон. Ҷилди 2.–Теҳрон, 1378.–С. 1686.
- Ҳамон ҷо.
- Мох Шараф Ханум. Хроника дома Ардалан / Подготовка текста и предисловие Е.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор