Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Васильевой.–Москва. Восточная литература, 1990.–С. 5.
5. Ризоқулихони Ҳидоят. Маҷмаъ-ул-фусаҳо. Ҷилди 2, бахши 2.– Теҳрон, 1382.–С. 1394.
6. Девони Мастураи Курдистонӣ – «Моҳшарафхонум». Бо кўшиши Аҳмади Карамӣ.––Теҳрон, 1362.
Соли 2014
ТАМСИЛ ДАР АШЪОРИ ПАРВИНИ ЭЪТИСОМӢ
Парвини Эъисомиро бо эътирофи иқтидори шоирӣ ва низоми ҳайратангези тафаккураш метавон дар радифи бузургтарин масалсароёни ҷаҳон баршумурд. Дасти қавии Парвин дар суварнигорӣ ва садои қотеи ў, андешаҳои борику рақиқ ва бардоштҳои пурҳикматаш, нигоҳи воқеъбину амиқрав ва тундиву шўру шаафи эҳсосаш, ки ғолибан мухтассоти сабки шуарои мард аст, иллати тавлиди баҳс дар сари шоирии ў шудааст.
Аммо чун ба тааммуқ ба ҷаҳони андешаҳои шоир сар фурў мебарем ва эҳсоси пуртуғёни ин суханварро роҷеъ ба масоили зан ва дифои ҳуқуқҳои ў, перомуни кўдакони ятиму гуруснаву бепарастор ва дур аз домани модар ба мушоҳида мегирем, итминон меорем, ки дар ҳунари шоирии Парвин ҷои тардид нест.
Парвини Эътисомӣ, бешак, аз шуарои қавидасти садаи ХХ аст, ки бо вуҷуди ҷавонмаргӣ, доди суханро дода ва ашъори ҳайратзое аз худ ба ёдгор мондааст.
Дар куллиёти Парвин, ки иборат аз қасоиду маснавиёт ва тамсилоту қитъаот аст, рағбати махсуси шоир ба бардоштҳои фалсафӣ дар заминаи мушоҳидот аз зиндагии мардум ва кулли мазоҳири ҳастӣ ба назар мерасад. Шоир ҳар ҷузъиётеро, ки мебинад, бо кул дар иртибот қарор медиҳад ва шояд, бад-ин ваҷҳ, ҳар падидаи мавриди назари ў зояндаи ҳикмате мешавад.
Лобалои куллиёти Парвини Эътисомӣ қариб дар ҳар шеър фишурдаи андешаҳои шоир перомуни мавзўи баргузида дар шакли ирсоли масал ифода меёбад.
Яке аз вежагиҳои сабки Парвин гироиш ба омезиши ҷинсҳои ғиноӣ ва ҳамосавист, яъне, пайванд задан миёни ҳиссиёти гарми шоирона бо воқеаҳои талхи рўзгори муосир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор