Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Майли шоирро ба иҷтимоъгароӣ бардоштҳои ў аз зиндагии сангини ранҷбарону фақирон ва пирону кўдакон собит менамояд. Шеъри ў бештар аз он ки тағаззулӣ бошад, моя аз воқеият ва зиндагии ҷомеа мегирад ва, биноан, иҷтимоъ дар он бар ҳиссиёти ошиқона тарҷеҳ дорад.
Парвин аз печидагўиву таъқид барҳазар аст. Фикраш равшан ва матлабаш содаву бепироя ифода меёбад. Ғолибан дўст дорад, ки дар заминаи воқеа ё ҳодисаи хурде хулоса бардорад ва гавҳари мақсудро хеле ошкору равшан рўи каф гузорад. Чунин тарзи баён дар тамсилоти ин суханвари мумтоз ба зуҳур омадааст.
Дар масалсароӣ Парвин аз ниёгони хеш Носири Хусрави Қубодиёниву Саъдиву Ҷомӣ, ки дар тамсил дасти қавӣ доштанд, воме бардоштааст ва бархе аз тамсилоти ў истиқболи шоирро аз масалҳои Эзопу Лафонтен ва И. А. Крилов низ собит менамоянд. Чунончи, масалҳои «Арзиши гавҳар»
ва «Булбул ва мўр» тамсилоти шиносро дар перояи ҷадид ба маърази таваҷҷўҳ мегузоранд. Дар масали «Арзиши гавҳар»
сухан аз мурғест, ки ба иштибоҳ гавҳарро дона мепиндорад ва баъди дарки хато омода аст онро бар ивази арзане бифрўшад.
Ва шоир аз ин гавҳарношиносӣ ба танг омада мегўяд:
Чун фарқи дурру дона тавонад шинохтан Он к-ў надошт вақти нигоҳ чашми равшане.
Дар даҳр бас китобу дабистон бувад, валек Дарси адабро чӣ кунад тифли кавдане.
Хулосаи ниҳоии Парвин аз ин тамсил он аст, ки нафаре ноогоҳ арзиши чизеро ҳаргиз дарнаёбад ва бар иллати ҷаҳолат донаро бар дурдона тарҷеҳ бидиҳад:
Парвин, чӣ гуна ҷома тавонад буриду дўхт Он кас, ки нах накарда ба як умр сўзане.
Масали «Булбул ва мўр» такрори зебоест аз асари «Сўзанак ва мўр»-и И. А. Крилов, ки замина бар тамсилоти қудамо дорад. Булбули Парвин ба мисли сўзанаки Крилов баъди тобистони пурнишот ба кўи тангдастӣ меафтад ва ба дари мўрча ба гадоӣ меравад, аммо аз он даргоҳ бо маломати зиёд ронда мешавад. Ин гуна тамсилот андешаеро тавлид мекунанд, ки сужетҳои сайёр дар достоноҳои ошиқонаву ривоятҳо ва асотирҳои ҷаҳонӣ дар жанри масалсароӣ низ муравваҷ будааст.

пешина
аз 500
навбатӣ