Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар тамсилҳои дигари шоир «Оини оина», «Паёми гул», «Тороҷи рўзгор», «Тавоно ва нотавон», «Тўшаи пажмурдагӣ», «Тиморхор», «Ҳадиси меҳр», «Ҳақиқат ва маҷоз», «Дарахти бебар», «Дида ва дил», «Умри гул», «Ғурури некбахтон», «Фарёди ҳасрат», «Фалсафа», «Кўтоҳназар», «Ноаҳл» ва ғайра ҳикматҳои бузурги халқӣ дар либоси шеър ёдрас мешаванд.
Яке аз хусусиятҳои жанри тамсил, ки дар ашъори Парвини Эътисомӣ низ риоя шудааст, эҳтироз аз пургўӣ ва оғози таваҷҷўҳбарангез аст. Чунончи, қариб ҳамаи тамсилоти фавқуззикр дар мисраи аввал ишора ба ҳикояти ҷолибе доранд ва бар ҳунари шоир дар корбурди санъати «бароати истеҳлол»
шаҳодат медиҳанд:
Вақти саҳар ба оинае гуфт шонае...
Ба оби равон гуфт гул, ки аз ту хоҳам...
Ниҳоли тозарасе гуфт ба дарахти хушк...
Дар дасти бонуе ба нахе гуфт сўзане...
Лолае бо наргиси пажмурда гуфт...
Тамсилоти шоир бештар дар шакли мунозира, ки одатан гуфтугўи ду ё се нафарро роҷеъ ба бартарӣ, фазлу камол ва қудрату тавоноии тарафайн фаро мегирад, ифода ёфтаанд.
Дар мунозираҳои Парвин гулу булбул, шамъу парвона, оинаву шона, лўбиёву нахўд, гулу хор, сўзану нах, булбулу мўрча, гунҷишку кабўтар ва ғайра иштирок доранд. Баъди он ки яке аз тарафайн бартарии худро бо далелҳои қотеъ собит мекунад, муаллиф нуқтаи назари хешро дар фароварди сухан дар сурати ҳикмате ирсол менамояд.
Масалан, дар баҳси сўзан бо нах дар масали «Тавоно ва нотавон» сўзан аз тавоноии хеш мағрур аст ва дар посухи гуфтори ў нах ҷавоб медиҳад:
Хандид нах, ки мо ҳама ҷо бо ту ҳамраҳем, Бингар ба рўзи таҷриба танҳо чӣ мекунӣ?
Дар баҳси оинаву шона («Оини оина») шона ба оина таъна мезанад, ки ҷабри хубрўёнро бештар мекашад, аммо эшон боз ҳам майл ба оина доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор