Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир аз забони оина панде медиҳад:
Гуфто, ки ҳар он ки айби касе дар қафо шумурд, Ҳарчанд дил фиребаду рў хуш кунад, адўст.
Чун шона айби халқ макун мў ба мў аён, Дар пушти сар ниҳанд, касеро, ки айбҷўст.
Матлаби шоир аз ин талошҳои оинаву шона талаби ёри якдил аст, ки чун оина ростгўст:
Аз меҳри дўстони риёкор хуштар аст, Дашноми душмане, ки чун оина ростгўст.
Он кимиё, ки металабӣ, ёри якдил аст, Дарде, ки ҳеҷ гаҳ натавон ёфт, орзуст.
Дар тамсили «Ҳақиқат ва маҷоз» гул аз булҳавасии булбули пургў ба хулосае мерасад, ки ишқ бояд дар дил бошад, на дар сухан:
Ишқ он аст, ки дар дил ғунҷад, Сухан аст он ки ҳаме дар даҳан аст.
Дар шеъри «Дарахте бебар» қиссаи дарахти сафедоре нақл шудааст, ки дар поёни кор ҳамчу ҳезум дар танўр месўзад ва аз табару шўълаи оташ таъна мешунавад, зеро:
Он шох, ки сар баркашаду мева наёрад, Фарҷом ба ҷуз сўхтанаш нест сазовор («...Шохи аз гулбун ҷудо масруфи оташ мешавад» – байти боло ишора ба Бедил аст).
Тамсилоти Парвини Эътисомиро аз лиҳози мавзўъ метавон ба се гурўҳ тасниф кард:

  1. Тамсилот дар мавзўоти иҷтимоӣ, ки матолиби рўзгори мардумро ба миён мегузоранд; 2. Тамсилоти фалсафӣ, ки манзур аз онҳо дарки олами ҳастӣ ва қавонини зиндагист; 3. Тамсилоти сиёсӣ, ки баҳси синфҳои золиму мазлум, масоили идеологии замонро муштамиланд.
    Ҳамин тариқ, як нигоҳи шитобзада ба тамсилоти Парвини Эътисомӣ дасти тавонои ин шоирро чи дар тақвият ва тавсеаи сужетҳои сайёр ва чи ибтикор дар заминаи мавзўоти тоза собит менамояд.
    Соли 2005
пешина
аз 500
навбатӣ