Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ШОҲИ ҲАМА ХУБОНИ СУХАНГЎИ FАЗАЛСОЗ
Шоҳи ҳама хубони сухангўи ғазалсоз,
Аммо ба дари хонаи ишқи ту гадо ман.

Симини Беҳбаҳонӣ ғазалсарои камназири ҳамзамон ва ҳамзабони мост, ки садоқаташро ба ин навъи шеър аз оғози фаъолияти адабӣ то ба имрўз ҳифз кардааст. Бештар аз 60 сол аст, ки бо ҷодаи ғазал пеш меравад, дар мазмуну мўҳтаво, сабку вазн таҷрибаҳои бесобиқа дорад.
Аввалин шеърҳои худро Симин дар дувоздаҳсолагӣ дар пайравӣ ба ғазалиёти модараш Фахри Арғун гуфта буд.
Маҷмўаҳои шеъраш «Се тори шикаста», «Ҷои по», «Чилчароғ», «Мармар», «Растохез», «Хате зи суръату аз оташ», «Дашти Аржан», «Як дарича озодӣ», «Яке, масалан, ин ки», «Маҷмўаи ашъор» ва ғайра ғолибан ҳовии ҳамин навъи шеъранд.
Ғазалиёти Симинро аз лиҳози мавзўъ ба чанд даста метавон ҷудо кард: шеъру шоирӣ, ашъори ошиқона, муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз миллат, озодӣ ва интиқом, сарнавишти зан ва талош барои озодии ў, ғазалиёти фалсафӣ ва ғайра. Чун ҳаҷми мақола барои баррасии тамоми мавзўот имкон намедиҳад, ин ҷо чанд сухан аз боби шеъру шоирӣ аз нигоҳи Симин манзур мешавад.
Симини Беҳбаҳонӣ чун тамоми шоирони дигар дар бораи шеъру шоирӣ зиёд андеша мекунад ва аз ашъораш пайдост, ки ин мавзўъ ҳамеша дар зеҳнаш мечархад. Дар ашъори ошиқонаву иҷтимоӣ ва фалсафиву ахлоқиаш сухан аз шеър мегўяд, борҳо ба бузургони адаб Ҳофизу Саъдӣ ва дўстони суханвари худ Ахавони Солис, Сўҳроби Сипеҳрӣ, Нодири Нодирпур, Ҳушанги Гулшерӣ, Муҳаммадалии Сипонлу ва дигарон рў меорад ва дар зимн шеърро тавсиф менамояд.
Симин аз шеър чӣ интизор дорад? Ба ин савол худи ў ҷавоб медиҳад:
Маро ҳамин зи шеър бас, ки масти бодаи ҳавас Зи рўю мў ба ҳар нафас ҳазор моҷаро кунам.
Яъне, шеър зоҳиран танҳо василаест барои тавсифи рўю мў. Аммо дар асл шоир аз он ки гўши шоистае барои шунидани

пешина
аз 500
навбатӣ