Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

каломи Ҳақ нест, дилтанг аст:
Гирифта гўши доварон, фитода кор бо карон, Дар ин сукути бекарон, бигў, киро садо кунам?
«Сукути бекарон» – замонае, ки барои шунидани каломи Ҳақ касе нест, ҳама забони худро баставу сукут варзидаанд ва шоири ҳақгў мухотабе надорад барои садо кардан. Бинобар ин, ў ҳам маҷбур аст, ки забони сурхро бубандад, то сари сабзаш дар амон бошад:
Ҳикояти сару забон дуруст шуд бо имтиҳон Ба сурх банд бастаам, ки сабзро раҳо кунам.
Шоир мақоли халқии «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод»-ро дар ин ғазал хеле бамаврид ва зебо ғунҷонидааст.
Аз ин забонбастагӣ шоирро шарм меояд ва ў ба дурўягиву риёкорӣ душман будани худро эълом медорад ва меафзояд, ки то ин дам бе риё ва бо забони ҳақиқатгў зистааст ва баъд аз ин низ бояд чунин бошад. Ў бо тантана ба номи Худованд қасам мехўрад, ки агар ба хақ нарасад ҳам, омода аст, ки хоки он расидагонро ба дида тўтиё кунад:
Чӣ рафт бар забон маро, ки шарм бод аз он маро!
Ба як дилу ба як забон дугонагӣ чаро кунам?
Зи умр саҳми бештар риё накарда шуд ба сар, Бад-ин ки монда мухтасар, дигар чаро риё кунам?
Чу худ ба хақ намерасам, қасам ба Ҳақ, ҳамин басам, Ки хоки он расидагон ба дида тўтиё кунам.
Симин олиҳаи шеърро «ёри оинарў» меномад, аммо бо тамоми муҳаббату дилбастагӣ ба ин ёр ў намехоҳад, ки мисли тўтӣ бошад.
Хоҳад аз мани расво ёри оинарўям, К-ончи хоҳаду гўяд, тўтиёна бигўям.
Ў шакар ба каф ояд, то лабам бикушояд В-ин карашма набояд, ман на тўтии ўям.
Шеър дар тасаввури Симин гармтар аз шўъла аст, вале беҳунар наметавонад онро бубинад:
Ҳамеша дар хаёли ман зи шўъла гармтар туӣ Чи гарм дўст дорамат, учоқи сард агар туӣ.
На оташӣ, ки беҳунар ба тоби шўъла бинадат, Забонаи ҳунар, бале, забони шўълавар туӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор