Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба андешаи Симин, шеър бояд оташин бошад, то шўълаҳое аз худ барфурўзад ва чароғҳои мурдаро равшан кунад:
Гўям ба худ, ки боре гўгирди сурх дорӣ?
Сад шўъла барфурўзад, шеъре ки оташин аст.
Симин як силсила шеърҳое дорад, ки дар онҳо маҷозан шеърро ёри худ хондааст. Манзур аз шеъри «Дар зери чодаре аз абр» низ, ки дар он сухан аз висол бо хуршед мегўяд, зимнан ҳамон ёри оташиноғўш – шеър аст. Ҳамин мулоқот бо хуршеди оташмиҷоз буд, ки вуҷуди шоирро пуршарару равшану дурахшон кард:
Як бўса буду дилкаш буд, гарам миёни оташ буд, Сар то ба по шарар гаштам, равшан шудам, дурахшидам.
Олиҳаи шеърро «офтоб» хондани Симин дар шеъри дигар низ кобили андеша аст. Ҳамин офтоб аст, ки шоирро ба ситораҳо эҳтиёҷ намонда ва аз равшаниаш шеъри Симин ранг гирифта:
Ту офтоби манӣ, бо ту бок аз онам нест, Ки як ситора ба ҳар ҳафт осмонам нест...
Булўри лутфи ту рангинҳубоби шамъи ман аст, Ту ранги шеъри манӣ, ман худ ин забонам нест.
Симин аз он замона ва аз он шаҳру аз он халқ, ки ўро қабул надоранд, норозиву дилозурда аст. Ў эҳсос мекунад, ки дар ин замон фарёду фиғони ўро касе ба гўши ҷон намепазирад, бинобар ин, сухан гуфтан ин ҷо раво нест. Шоир бо кинояву нафрин меафзояд, ки дар ин шаҳр ҳарчи нораво раво аст:
Зи ҳис-ҳиси забони шумо тавон донист, Ки халқро ба фиғони ман ошноӣ нест.
Симин ба онҳое, ки зоҳиран бори қалам мекашанд, аммо ёвафурўшони даврагарди пурфиребанд ва хомаҳои лоғару хушк, мағзҳои вайрону оҷиз, фикрҳои забун доранд, вале рисолати худро хидмат бо сухан ба адабиёт ва ба халқ мешуморанд, нафрати ошкоро дорад. Ин аст, ки дар шеъри «Рисолат» бо нидои «Эй» чаҳор бор ба ин мухотабони хушкмағзу хушклафз худ муроҷиат мекунад:
Эй хомаҳои лоғаратон хомаҳои хушк, Эй мағзҳоятон лазаҷи бўйноки аҷз, Эй фикратон забунии шабтоби бенаво, Эй пурфиреб, ёвафурўшони даврагард.

пешина
аз 500
навбатӣ