Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Шоир бо истеҳзо «рисолат»-и онҳоро «залолат» меномад ва ҳарфҳои онҳоро «лафзи бехадафи норасои хушк» ба шумор меоварад:
Гуфтӣ, рисолат аст? Дареғо, залолат аст Ин чанд лафзи беҳадафи норасои хушк.
Ба андешаи шоир, он ҷоме, ки бузургони суханвари мо дар тўли даҳ қарн ҳифз кардаанд, аз дасти ин хушкномаҳо ба иллати нотавониву нотавонбинӣ ва забуниву залилии онҳо ба санги роҳ афтода мешиканад. «Даҳ қарни эътибор» – ҳазор соли шавкату шўҳрати безаволи шеъри форсист:
Аз дастатон суроҳии даҳ қарни эътибор Бар санги роҳ мешиканад бо садои хушк.
Шеъри «Овои шумо» низ ба онҳое нигаронида шудааст, ки ҳаққу ботилро намешиносанд, ҳарфашон такрори ҳарфи дигарон аст:
Овои шумо, ҳайф, ки аз он нои шумо нест В-аз нои шумо гар бувад, овои шумо нест.
Дар муқоиса бо ин тоифаи сифлакеш Симин худро сангу мухотабро мехи зангзада меномад, ки чунин мех ҳаргиз нерўи шикофтани сангро надорад:
Ман сангу суханҳои шумо мехи пур аз занг Ҳақ бо дили тангам, ки пазирои шумо нест.
Дар шеъри «Чилчароғ» низ манзури шоир ҳамон ёри равшангар – ангезандаи шеъри шарарбор аст. Падид омадани «чилчароғ» барои шоир мояи шодмонист ва натиҷаи ранҷу заҳмат, шабзиндадориву интизориҳост.
Аз бас ба ранҷ ин дили ранҷур хў гирифт, Мўи сиёҳи махмалии ман сафед шуд.
Бо дарди интизор чӣ шабҳо ба ман гузашт Бо чилчароғи шеъри зарифам падид шуд.
Ин чилчароғи ормонӣ, ки дили шоирро равшан мекунад ва ба шеъраш ранг мебахшад ва партави таҷаллии хаёл дар он ҳувайдост, бояд хеле бо эҳтиёт ҳифз шавад, зеро шишаӣ асту шиша шикастанист. Яъне, шоир бояд он «чилчароғ»-и маҷозие, ки ба заҳмат ба даст овардааст, бо заҳмати бештаре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор