Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ҳифз кунад, рисолати воқеии худро фаромўш накунад, ҳарфи дурўғу риё ба забон наорад, шоири ростин ва ифодагари эҳсосу ормонҳои дил бошад:
Инак, канори равшани чилчароғи хом, Биншастаам ба айш, ки ин ҷо нишастанист.
Аммо ба гўши ҷони ман наҷво кунад касе, «К-ин чилчароғ бо ҳама нағзӣ шикастанист».
Шоир фақат «шикастанӣ» будани чилчароғро ёдовар мешавад, аммо хонанда онро ҳамчун ҳушдор кардани дўсте аз ғайб мепазирад, ки мабодо ин чилчароғро бо фориғболӣ нашканад.
Симини худогоҳ медонад, ки шеъраш оташину сўзанда аст, вале аз чунин шеъри сўзанда шоир ба ҷуз таҳқир суде надорад. Ў медонад, ки шеъре ба гунаи дигар, ҳарфи хушку берўҳу равон наметавонад бигўяд, бо вуҷуди ин гўиё «панд»
медиҳад, ки:
Чӣ суде бурдаӣ, Симин, зи шеъру созу сўзи ў, Fазал сўзанда камтар гў, ки девони ту месўзад.
«Сўхтани девон» ба ду маънист. Яке ин ки «Девон» пур аз шеърҳои оташин аст ва дигар, бадхоҳон «девон»-и шоирро ба коми оташ мезананд ва нобуд мекунанд. Дар хаёли Симин «забони сўзонаш» ба мисли шўълаи шамъи фурўзон аст, ки сўзишу гармиву оташаш ба ғазалҳояш низ таъсир кардааст:
Чун шамъ магар шўъла забони суханат буд, К-аз сўзи ту, Симин, ба ғазалҳо асаре ҳаст.
Шамъу шўълаву оташ қариб дар ҳамаи абёте, ки ифодагари шеъри асиланд, заминаи тасвирсозӣ ҳастанд:
Симин ба шеър дилхушиву сахт ғофилӣ, К-ин шамъи дилфиреб ба чашми ту сў гирифт.
«Сў гирифтан» – нур гирифтан аз чашми соҳиби шеър аст, аммо чашм дар навбати худ оинаи дил мебошад. Ба андешаи Симин, он чи сардиро мебарад ва гармиро равшанӣ медиҳад, ишқ аст. Фурўғи ишқ бояд акси худро дар шеър гузорад, зеро шеъри сард шоистаи лаби Симин нест:
Оҳ, сард аст на шеър ин ки сарояд лаби Симин, Оташи меҳри ту бояд, ки шавад гарм сурудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор