Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Симин дар шеъре худро «соқии сухан» меномад ва ҷуръаҳои пур аз «шароби шеър» дорад, ки ба «пиёлаи гўш»-и касон мерезад. Ин ғазал назираест, ки ба ғазали машҳури Соя «Имшаб ба қиссаи дили ман гўш мекунӣ» гуфта шудааст ва байти мақтаи он тасвири зебоест бо таркибҳои нодири «соқии сухан», «шароби шеър» ва «пиёлаи гўш»:
Симин! Ту соқии суханӣ в-аз шароби шеър Як ҷуръа дар пиёлаи ҳар гўш мекунӣ.
Симин дар пайравӣ ба бузургони сухан, абёти фахрия низ дорад, ки аз табъи волову ҳунари нотакрораш гувоҳӣ медиҳад:
Симин шуда дашти сухан аз партави шеърам Рашки маҳи гардунам аз ин нуқра, ки судам.
«Симин» дар байти фавқ номи шоир нест, ҳарчанд ки байти мақтаъ аст. Дашти сухан аз партави шеър симин, яъне, нуқраӣ шудааст. Ва дар мисраи дувум, шоир ифтихор дорад, ки моҳи фалак ба нуқрае, ки ў судааст, яъне, ба шеъри пурбаҳову пурҷилои ў рашк мебарад. Дар шеъри «андўҳ» моҷарои духтар бо шоир, тасвир шудааст. Духтар аз меҳмонӣ бо андўҳи зиёд бармегардад, зеро барои либоси фақирона дугонаҳо ба ҳоли ў хандиданд. Модар дар оғози сўҳбат посух медиҳад, ки кош модари ту девонае мисли ман намебуд ва ашки шарми ту чашматро тар намекард. Вале дар поёни сўҳбат ў аз вазифаи модарии худ ба хотири ишқи ҷовидонааш ба шеър даст мекашад:
Ту мегўӣ сухан аз базми рангин Маро андешаи рангинтаре ҳаст.
Бирав, танҳо маро бо худ раҳо кун, Магў дигар, ки ин ҷо модаре ҳаст.
Барои шоир андешаи рангин аз базми рангин ва либосҳои рангин ба маротиб муқаддамтару арзишмандтар аст.
Заҳмати беинтиҳои шоирро Симин дар шеърхои дигар низ тасвир мекунад. Ба хотири гуфтани шеъри ноб шоир бояд дил пора-пора кунаду ҷон ришта-ришта, зеро парниёни шеър аз пораҳои дилу ҷон ҳосил мешавад:
Дил пора-пора кардаму кардам ба кори ҷон, Ҷон ришта-ришта кардаму кардам ҳисори хеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор