Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

То парниёни шеър фиристам ба муштарӣ
З-ин нохуҷастапилаи кайвоншиори хеш.
Ҳамин дарки масъулияти шеър гуфтан, тавони сухансанҷӣ ва нуктадонӣ, истеъдоди суханварӣ ашъори Симинро аз тасвирҳои балеғу нотакрор ва оҳангхои диловезу мазомини пурбор саршор намудааст.
Пайнавишт:
- Аҳмад Абў Маҳмуд. Зиндагӣ ва шеъри Симини Беҳбаҳонӣ.
Гаҳвораи сабзи афро.–Теҳрон, 1387. - Симини Беҳбаҳонӣ. Ёди баъзе нафарот.–Теҳрон, 1388.
- Симини Беҳбаҳонӣ. Маҷмўаи ашъор.–Теҳрон, 1385.
Соли 2012
СИТАМСИТЕЗӢ ДАР ШЕЪРИ
СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ
Симини Беҳбаҳонӣ аз овони кўдакӣ бар зидди ситаму беадолатӣ талошҳои падару модарашро, ки яке рўзноманигор ва дигаре шоир буданд, дида, худаш низ алайҳи бедодгарӣ қалам тез кардааст. Хусусан, воқеаи аз мактаб ба тўҳмат ронда шуданаш азми ўро барои мубориза бо ҷабру ситаму зўроварӣ қавитар кард.
Агар ба ҷараёни андешаҳои шоир мутаваҷҷеҳ шавем, ошкор мегардад, ки ў батадриҷ аз отифаҳои шахсиву ошиқона майл ба шинохти вазъи ҷомеа кардааст. Аз саҳнаҳову лаҳзаҳои пурсўзу пурэҳтироси ошиқона шоир таваҷҷўҳи моро ба лаҳазоти талхи зиндагии мардум, ба нобасомониҳои рўзгори онон ва дуруштиву тундии замона мекашад.
Ў дар бораи падаре менависад, ки дар ҷустуҷўи бурдаи ноне аз субҳ то шом мегардад, вале дасти холӣ ба хона бармегардад. Чи қадар риққатовар аст лаҳзае, ки дар мисраъҳои охирини шеъри «Шабу нон» тасвир ёфтааст:
Боз чашми пурумеди кўдакон
Боз дасти холӣ аз нони падар...
Дар шеъри дигар мутрибе, ки ба мардум иду шодиро талқин мекунад ва зоҳиран пайки навбаҳору хурсандӣ меорад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор