Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

дар асл ин корро барои пайдо кардани нон мекунад:
Ин манам, пайки навбаҳор манам Ки ба шодӣ суруд мехонам,
Лек оҳиста нағмааш мегуфт:
Ки на аз шодиям... бенонам.
(«Суруди нон», Маҷмўаи ашъор, с. 24).
Дар шеъри «Ба сўи шаҳр» сухан дар бораи деҳқонест, ки ба ҳосилаш офат расида, баъди ҷамъоварӣ молик саҳми худро бурдаву яқин аст, ки гандуми ў барои оила кофӣ нест. Деҳқон маҷбур аст, ки ба шаҳр ба ҷустуҷўи кор, барои пайдо кардани нон ҳамроҳи зану фарзанди худ равад:
Дар пеш сарнавишти пур аз ибҳом, Дар пай ғами гузаштаи меҳнатбор Шаш пои пинабастаи бепопўш
Мекўфт рўи ҷодаи ноҳамвор (с. 52).
Дар бисёр маврид шоир аз зоҳири ашё гузашта ба умқи онҳо менигарад. Чунончи, ҳадяи нуқра бо тамоми зебоиву назокат барои ў шодибахш нест. Ў коргоҳи тираи коргаронро бо фазои тангу дудолуд, бо ғами коргароне, ки ҳамарўза ранҷ мекашанд ва тифли коромўзе, ки чеҳраи пажмурдааш гувоҳи сахтии рўзгораш аст, тасаввур мекунад:
Ман дар ин нақшу нигори дилфиреб Рози талхи зиндагонӣ дидаам:
Чашмҳои хаста аз андўҳу ранҷ, Чеҳраҳои устухонӣ дидаам.
(«Ҳадяи нуқра», с. 53).
Эҳтиёҷи мардум ба нон ва зиндагии ранҷбори онҳо дар шеъри «Муаллим ва шогирд» низ басо ҳузновар тасвир ёфтааст. Муаллим шогирдро барои китоб надоштанаш сарзаниш мекунад ва аз чашмҳои ашкбори ў тафсири ҷонгудози дарду ранҷро мехонад:
Чанд гўӣ, китоби ту чун шуд?
Бигзар аз ман, ки ман нон надорам!
Ҳосил аз гуфтани дарди ман чист, Дастрас чун ба дармон надорам (с. 63).
Дар шеъригар таваҷҷўҳи шоирро раққосае ба худ мекашад, ки дар тарабхона барои мардони маст бо рақси худ шодӣ меорад, аммо дилаш пур аз андўҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор