Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як рўз тоқати ў тоқ мешавад ва ў ба ин гурўҳи майхораву шикампараст хитоб мекунад:
Бонг баровард: «Эй гурўҳи ситамкор, Пушти маро зери бори дард шикастед, Ташнаи хуни шумо манам, манам, оре, Гул наяфшонеду бўса ҳам нафиристед...»
Духтараки раққоса, ки ҳусни расову қомати дилҷў дорад, аз тақдири худ норозист, зеро бар ивази ҳунари дилфиреби хеш ў мояе барои зиндагӣ пайдо мекунад. Аммо дар миёни мастҳои фориғбол будан ва майлу хоҳиши онҳоро иҷро кардан чи қадар таҳқиромез аст. Ў медонад, ки касе аз миёни онҳо ба ў тараҳҳум надорад, касе дасти мадад дароз карданӣ нест, бинобар ин, саволҳои ў бепосуханд:
Кист, бигўед, аз шумо чӣ касе ҳаст, То зи хароботиён маро бираҳонад.
Зиндагиямро зи нав диҳад сару сомон, Дасти маро гираду ба роҳ кашонад?»
Касе аз ҷамъи мастон дар ғами ин духтари бечора нест.
Қаҳқаҳаи онҳо, ки дар ҷавоби саволҳои ў баланд мешавад, нишони ҳақорати ин духтар аст, яъне, ба эътирози ў касе эътибор намедиҳад. Садои эътирози ўро ҷунуну мастӣ мепиндоранд ва барои ин раққосаи сарсахт дари наҷот баста аст.
Қиссаи корманде, ки ба занаш аз таҳқир шудани худ аз ҷониби раис, аз гуфтори носазои ў, аз ғурури шикастаи худ пеши он марди фурўмоя ва он ноне, ки бо хуни дил ёфтаву овардааст, нақл мекунад, воқеан ҷонсўз аст. Мард аз дарди бузурги худ шикоят мекунад:
Чӣ дардест, оваҳ, чӣ дарди гароне, Пайи луқмаи нон ба ҳар сў давидан.
Бари нокасони дағал истодан,
Ба пойи фурўмоя мардум хамидан (с. 74).
Шоир худро ёру ёвар, ҳамдилу ҳамқисмати тамоми таҳқиршудагон меҳисобад. Дар айни ҳол ў медонад, ки онҳо бешуморанд, нажодашон гуногун, аз кишварҳои мухталифанд, вале ҷамъу пайванди онҳо ба муқобили ҷабру ситам метавонад ҷабҳаи бешикасте бошад. Ба ин гурўҳи ситамдида дар як қатор қарор доштан барои шоир мояи ифтихор аст:

пешина
аз 500
навбатӣ