Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ту як нафарӣ... на! Бешуморӣ:
Ҳар сў, ки назар кунам, ту ҳастӣ, Як ҷамъи ба ҳам гирифта пайванд, Як ҷабҳаи сахти бешикасте!
Зардӣ? – На!... Сафед? – На. Сияҳ? – На!
Болотарӣ аз нажоду аз ранг.
Ту ҳар касиву зи ҳар куҷоӣ,
Ман бо ту, ту бо манӣ ҳамоҳанг (с. 96).
Симин аз талошу ҷонсупории ҷавонмардон баҳри дифои ормонҳои миллӣ бо камоли муҳаббат ҳарф мезанад. Ситамгарон симои Аҳриманро доранд ва куштани онҳо айни савоб аст. Падару модар ва ҳамсари шаҳиде, ки алайҳи ситам бархоставу ҷони худро қурбон кардааст, барои ў мотам намегиранд, зеро ў қаҳрамон аст, Симин аз поён пазируфтани сабру тоқати ситамдидагон ҳушдор медиҳад:
З-он ситамҳои сахти тоқатсўз Хуни озодагон ба ҷўш омад.
Миллати кинаҷўи хашмолуд
Теғ бигрифту дар хурўш омад.
Мардуме банди сабр бишкаста
Саф кашиданд пеши душмани хеш.
То сари Аҳриман ба хок афтод, Эй басо сар ҷудо шуд аз тани хеш (с. 81).
Аз нигоҳи шоир ҳар нафаре, ки барои озодии мардум ҷон бохтааст, «қалби таърих» аст, як нафари хуршедист, ки эҳтиёҷ ба шамъ надорад. Ў фарзанди як модар нест, балки фарзанди тамоми модарони озодихоҳи ҷаҳон аст:
Шамшоди гулгун аст, рўида дар хун аст, Дар ҳеҷ боғ ин сон сарву санавбар нест.
Фарзанди хуршед аст, дилбанди маҳтоб аст, Равшангари гетист, танҳо зи модар нест.
Симин ба ҳеҷ ваҷҳ бо қотилони ситамгар созиш карданӣ нест. Ин рўбоҳтинатону девмизоҷон ҳаргиз аз бадкирдорӣ даст намекашанд, бинобар ин, барои ситонидани қасди ҷавонони шаҳид интиқом бояд:
Созиш маписандед бо ҳеҷ баҳона, К-аз хуни шаҳидон рўдест равона...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор