Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он панҷаи бедод аз банд ҷудо бод, К-аз синаи устод бигрифт нишона.
Эй дод, Худоро, бедод фузун шуд, Фарёд баромад аз нои замона (с. 591).
Шоир бо ҳасрат аз Коваи оҳангару парчами чармини ў ёд мекунад, зеро ин парчам рамзи инқилоб, рамзи талош баҳри озодӣ аз ситам аст:
Ин чарми раҳо афтода, бе баргу наво афтода Гўӣ, ки зи худ мепурсад: пас Коваи оҳангар ку?
Бас ной фишурданд ин ҷо, то худ зи наво афтод ҳақ, Мурғон ҳама мурданд ин ҷо, як нолаи ҳақгустар ку?
Симини Беҳбаҳонӣ аз табори озодихоҳон аст, ки бо шеъру сухан алайҳи ситаму истибдод шамшери калам мекашад. Шеъри ў ифодагари рўҳи замон ва баёнгари ҳоли ситамдидагон аст.

Пайнавишт:

  1. Аҳмад Абў Маҳмуд. Зиндагӣ ва шеъри Симини Беҳбаҳонӣ.
    Гаҳвораи сабзи афро.–Теҳрон, 1387.
  2. Симини Беҳбаҳонӣ. Ёди баъзе нафарот.–Теҳрон, 1388.
  3. Симини Беҳбаҳонӣ. Маҷмўаи ашъор.–Теҳрон, 1385.
    Соли 2012

НАСРИ ГУЛРУХСОР
Нуктаи муҳиме, ки дар мавриди насри Гулрухсор қобили таваҷҷўҳ менамояд, садоқати ў ба мароми адабии хеш аст. Гулрухсор ҳамеша дар талоши «ман»-е будааст, ки ўро аз дигарон тафриқа мебахшад: ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар ҳунар. Баъди он ки ў дар шеър ҷойгоҳ ва пойгоҳи шоистае пайдо кард ва гоҳе такрори худро эҳсос намуд, ҳамоно хилқати осоишнопазираш ангезае бубахшид, ки дар ҷинсҳо ва анвои дигари адабӣ низ ҳунар озмояд. Ёдовар мешавем, ки замоне шоири шаҳири рус Пушкин низ тазъиқи қофияро ба шеъраш эҳсос карда буд. Ў бар он ақида буд, ки ба иллати қофиясозӣ дар шеър марҳалаи худтакрорӣ фаро мерасад ва аз он ҳатман бояд раҳо шуд.
Ҳини руҷўи Гулрухсор ба ҷинси ҳамоса мавзўи ҷанг аз муассиртарин мабоҳиси таҳқиқи бадеӣ падид омад. Дар наср майли муаллиф ба тасвири воқеоти фоҷиавӣ бештар зуҳур ёфт.

пешина
аз 500
навбатӣ