Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Зимнан кўшиши ҳунарманд бар он аст, ки ҷунбише дар ақлу идрок ва ҳиссиёт бедор намояд, вусъати нигоҳро густурдагӣ ва талошҳои ақлу дилро умқу паҳно бубахшад. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки Гулрухсор майл дорад, ки дар кори ҳунарӣ хонандаро на танҳо ба андеша перомуни масоили муҳими рўзгор водорад, балки тавассути саргузашти дилхароши қаҳрамонҳои мубталои бадбахтиву фоҷиа дар зеҳни ў асаре боқӣ гузорад.
Охири қарни ХХ бар асари гардишҳои куллии сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ дар адабиёт низ падидаҳои тозае ба бор омаданд. Дар миёни анбўҳи бузурги осори бадеӣ, ки ба ҳар роҳу воситае бидуни назорату танзим ба табъ расидаанд, офаридаҳои тозабунёд низ кам набуданд, аммо қисми зиёди онҳо ба иллати гирифтории зиёди ҷомеа ва нобасомонӣ дар адабиёт сари вақт нақд нашуданд. Ибтикори назару ҳунар, тобишҳои нави истиқлоли фикру сабк, тозагии мавзўву муҳокот дар давраи муосир дар осори ҷангномавӣ низ ба зуҳур омад. Чун дар ин замина адабиёти форсу тоҷик шоҳкории беназире амсоли «Шоҳнома»-и Фирдавсиро пеши рў дошт ва дар адабиёти асри ХХ намунаҳои навтарини ҷангномаҳои манзум мансуб ба қалами Мирзо Турсунзода, Мирсайид Миршакар, Мўъмин Қаноат ва осори мансури Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Абдумалик Баҳорӣ, Саттор Турсун, Ибод Файзуллоев ва дигарон ба миён омаданд, ҳунари ҷангноманависии адибони тоҷик на танҳо ба суннатҳои миллӣ, балки баҳраёбӣ аз таҷоруби нависандагони ҷаҳон, бахусус чеҳраҳои номвари адибони ҳаммеҳани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ғанӣ гардид.
Намунаҳои пурарзиши ҷангноманигории насри шўравӣ «Сотников» ва «Муҷассама»-и В. Биков, «Рў ба рў»-и Ч. Айтматов, «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд»-и М. Шолохов, «Зиндаҳо ва мурдаҳо»-и К. Симонов, «Муҳосира»-и А. Чаковский, «Сарчашмаҳо»-и Г. Коновалов, «Тақдир» ва «Исми ту»-и П.
Проскурин, «Ҷанг»-и И. Ф. Стаднюк, «Соҳил», «Барфҳои сўзон», «Таркиши охирин»-и Ю. Бондарев, «Зинда бошу дар ёд дор»-и В. Распутин, «Солҳои бидуни ҷанг»-и А. Ананьев, «Сояҳо дар нимарўз ғайб мезананд», «Даъвати ҷовидона»-и А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор