Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Иванов, «Як ваҷаб замин», «Мурдаҳо шарм надоранд»-и Г. Я. Бакланов, «Ситораборон»-и В. Астафьев ва ғайра миёни хонандагон шўҳрати зиёд доштанд.
Пайи ҳам интишор ёфтани ду асари Гулрухсор дар бастаи мавзўии ҷанг – «Занони сабзбаҳор» (1987) ва «Зан ва ҷанг» (2001) чанд қолабу қоидаи маъмулиро якбора барҳам зад:
- Дар жанрҳои калонҳаҷми ҷинси ҳамоса нахустин асари тоҷикӣ ба қалами зан иншо шуд.
То Гулрухсор намунаҳое дар жанрҳои хурди ҳамосаи мансур мавҷуд буданд, ки боризтарин шахсияти ҳунарӣ дар ин замина шодравон Муаззама Аҳмадова ба шумор меояд.
Зимнан ҷои таъкид аст, ки дар адабиёти тоҷик Гулрухсор аз аввалин занҳоест, ки тавассути достонҳои «Рўҳи урён», «Мотами сафед» ва «Сипар» ба ҳамосаи манзум рў овардааст. - Ҷангноманависӣ маъмулан кори мардон ҳисоб мешуд, ки Гулрухсор ин қолабро низ шикаст.
Бори аввал ҷанг аз нигоҳи нависандаи зан ба тариқи густурда баррасии бадеӣ ёфт. - Бо вуҷуди тафовути куллӣ дар тарҳу қолаб, маводу мўҳтаво ва вақту фазо дар ҳарду асари Гулрухсор меҳвари тахайюл ва тафаккур ба як консепсияи асосӣ – нақши ҷанг дар сарнавишти зан таъсис ёфт.
Дар офариниши осори ҳамосавӣ тавфиқи муаллиф қабл аз ҳама ба интихоби мавзўъ ва таносуби он бо сужаву устухонбандии аҷзои асар ва муҳокотофариниву чеҳранигорӣ марбут аст. Аз ин лиҳоз, ба мавзўи ҷанг рў овардани Гулрухсор бесабаб нест. Ҷанг фоҷиаи бузургест, ки инсонро дар ҳолати фавқулъода қарор медиҳад ва мадори дилу сиришти ўро дар мизони махсусе бармекашад, аз рўи одамон ниқобҳоро бармеканад ва эшонро пешорўи имтиҳони сангин танҳо ба танҳо мегузорад. Ҳадаф аз интихоби чунин мавзўъ, бидуни шак, санҷиши ниҳоди инсон дар вазъияти ғайритабиӣ ва маҳкум кардани ҷанг чун офати фалокатборест, ки ногузир нақши хунине дар пай дорад.
Ҷолиб он нукта аст, ки дар ҳарду асар – ҳам дар «Занони Сабзбаҳор» ва ҳам дар «Зан ва ҷанг» мавзўъ муштарак аст. Дар асари якум ҷанги шўравиён бо Гирмони фашистӣ ва дар асари дигар ҷанги шаҳрвандии тоҷикон заминаи воқеии сужетро ташкил додаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор