Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Фосилаи рўйдоди ин ду ҷанг – ним аср, аммо тафовути онҳо на дар фосилаву шумори ҳалокшудагон, балки дар он аст, ки ҷанговарони ҷанги аввал дар роҳи хидмат ба Ватан ва дифои марзҳои он сар супурдаанд, аммо барангезандагон ва иштирокдорони ихтиёриву тасодуфии ҷанги дувум теғ бар синаи худ ва пайвандони хеш задаанд.
Гулрухсор дар таҳқиқи бадеии мавзўи мазкур нигоҳи хешро на ба майдони ҳарбу зарб, балки ба ақибгоҳ ва мушкилоти он андўхта, асари ҷангро бар сарнавишти занон мавриди коркарди ҳунарӣ қарор додааст.
Мақоли русие ҳаст, ки мегўянд, «ҷанг чеҳраи ғайризанона дорад». Шакли русии он дод қавсайн. («У вайны не женское лицо») Бунёди чунин муқобилгузорӣ бар тазоди зиндагиву марг, бар табиати азалии онҳост, ки яке зиндагибахшу дигаре зиндагикуш ҳастанд.
Дар чунин рақобати оштинопазир, ки барои раҳму шафқат заррае ҷой намемонад, аксари маврид марг бар зиндагӣ ғолиб меояд, қаҳрамонҳо ба ҳалокат мерасанд ва ё рўҳан шикаста мешаванд. Дасти дарози ҷанг то дуртарин манзилу макон расида, гулўи зиндагиро мефишорад ва чароғҳои онро хомўш мекунад.
Ҳадаф аз инъикоси ин чароғҳои мурдаи зиндагӣ дигарбора ҳушдор додан ба оламиён аст, ки садди роҳи ҷанг бишаванд ва оташи манҳуси онро ҳаргиз наафрўзанд, ки чун даргирифт, ҳама тару хушкро баробар бисўзад.
Фахриддини Гургонӣ ба ҳамин маънӣ фармуда, ки:
Хуш аст ин нукта аз гетинишинон, Ки бошад ҷанг дар наззора осон.
Дар маърази таваҷҷўҳи Гулрухсор деҳаи дурдасти кўҳистон бо унвони рамзии Сабзбаҳор қарор гирифтааст. Ҳам интихоби деҳаи дуродур ва ҳам чунин ном доштани сарзамини тахайюлии муаллиф маъниҳои таҳтоние пушти худ доранд.
Аввалан, муаллиф таъкид карданист, ки дасти наҳси ҷанг хеле дароз аст ва ҳеҷ гўшаеро аз он халосӣ нест. Ва дувум, деҳаи Сабзбаҳори хуррам аз нафаси шуми ҷанг ба хазон расид.
Ҷанг рамзи хазон аст, ки баҳорро, зиндагиро ва ҷавониро ба коми худ мекашад: «Эҳ ҷанг, ҷанги балогардон, Тошҳоро ҳай майдону аспу зин додӣ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор