Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– мегўяд яке аз персонажҳои роман.
«Даҳшати ҷанг на танҳо дар қотиливу хунрезӣ, инчунин дар кўрии чашми раҳмаш будааст. Ҷанг паҳлуҳои дигари даҳшатноктаре доштааст», – чунин меандешад персонажи дигар.
Ана ҳамин паҳлуҳои даҳшатноки ҷангро нишон додан ва чораҷўӣ барои пешгирии он ҳадафи аслии нигоранда аст.
Сабзбаҳор деҳаи хурдест иборат аз якчанд хонавода…
Чунонки дар деҳот маъмул аст, ҳама ҳамдигарро мешиносанд ва ҳафт пушти якдигарро дар хотир доранд ва ягон ҳаракату амал аз назари ҳамсоягону ҳамдеҳагон дур намемонад.
Сабзбаҳор деҳаест, ки гумон мекунӣ, якумр дар он давраи модаршоҳӣ ҳукмронӣ доштааст. Бо вуҷуди зоҳиран тобеъ будану гоҳе мушти мардонро ба сар хўрдан, занони Сабзбаҳор шахсиятҳои хеле равшану ҷаззоб, занҳои оташниҳоде ҳастанд, ки бо ҳама камсаводӣ ҷаҳони маънавиашон сиришта аз покиву сафост ва ҳар кадом олам-олам шеъру тарона, қиссаву фасона, зарбулмасалу мақол медонанд, аз расму оини ниёгон ба хубӣ огоҳанд ва посдори суннатҳои аҷдодӣ мебошанд.
Меҳвари сужети роман бар хонаводаест, ки заҳри ҷангро бештар аз дигарон чашидааст. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки муаллиф заифтарин ва нотавонтарин хонаводаи Сабзбаҳорро дар маркази пажўҳиши бадеӣ қарор дода, бо ин усул мехоҳад бечорагӣ ва заъфи инсонро дар баробари ҷанг ҳарчи равшантар ба намоиш гузорад.
Зани бемору бистарӣ Хайрия бо ду духтараш Майсаву Нишона дар кулбаи ҳақиронае ба сар мебарад ва муаллиф ҳикояти худро аз он тирашаби бехосияте оғоз мекунад, ки Майсаро дарди ҳамл гирифта ва касе нест, ки ба имдодаш бирасад ба ҷуз хоҳари безабону бетаҷрибааш Нишона. Он шаби наҳси зимистонӣ Майса бо азоби алим писарчаеро ба дунё овард, аммо худаш аз олам рафт. Аз ин пас азоби Нишона боз ҳам бештар шуд. Модари маризу тифли ширхор ва духтари безабону лол дар ҳуҷраи холиву сард ду даст сўи осмон ба умеди як коса шири калбузи кунҷи хона бозмонданд. Нишона, қаҳрамони марказии асар, рамзи лоливу забунии инсон дар баробари сарнавишти шум аст ва Ҷанг ба ин сияҳкоса заҳри худро рехтааст.

пешина
аз 500
навбатӣ