Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтарак баъди марги фоҷиавии падар ба дунё омадааст ва модар ўро чун нишони охирини шавҳар Нишона ном гузоштааст. Ба иллати тасодуми равонии модар ҳини ҳомиладорӣ кўдак гунг мешавад ва ин дард тири дигаре ба ҷигари зан мезанад. Нишона бо вуҷуди аз тақдир бебаҳра будан, дили раҳмину ҳассосе дорад, ки дар он чароғи муҳаббатро ба кулли инсонҳо ва бештар аз ҳама, ба як нафар шахси азизтарин
– Диловар ҳифз намудааст. Баъди марги хоҳарбузургаш Нишона ба кўдаки ў пуштибон мегардад. Ба хотири нафъ овардан ба мардум ва пайдо кардани нони ҳалол барои хонавода ў дар рўи ҳавлии масҷид бо маслиҳати раиси ҷамоат кўдакистон таъсис медиҳад, ки он ҷо кўдакон дар посухи муҳаббати безабони ў бо меҳри саршор ҷавоб медиҳанд. Нишона қобилияти хуби омўзгорӣ ва омўзандагӣ дорад. Ў барои кўдакон аз хаёли худ бозиҳои бачагона мебофад. Ба хотири он ки номаҳои ёри ҷанговари худ Диловарро мутолиа кунад, дар муддати хеле кўтоҳ бо роҳи худомўзӣ алифбо меомўзад.
Соатҳо бо ситораҳои осмон, ки якеро чун ситораи Диловар барои худ пиндошта буд, сўҳбат мекунад. Аммо аз бахти шум буд, ки Нишона ба чанголи чанд тан фосиқони бешараф гирифтор мегардад ва бар замми таҳқири ҷисму рўҳаш обистан мегардад. Поёни китоб – поёни зиндагии як духтараки ҷавон аст, ки паёпай гирифтори бозиҳои тақдир гашта ва дар ниҳояти кор дасту домони худро аз зиндагӣ кашидааст.
Нигоранда ин духтараки аз забон маҳрумро чун фарди соҳибдил ва ҳассосу покизатинат ба қалам додааст. Хусусан, дар лаҳазоти охири умраш Нишона қувваи бузурги ботинашро ба зуҳур меорад, ў аз Тоши якгўш, ки булўри покизаи дилашро бишкаст, интиқом мегирад. Чун бори охир бо маъшуқаи бешарафи Тош чашмобачашм мешавад, бо нафрат аз ў рўй мегардонад ва туф мекунад.
Аҷаб тазоде, ки ҷанг ба интиҳо мерасид ва ғалаба наздик меомад. Аскарон як-як ба хонаҳошон меомаданд. Хостгорҳои Диловар низ ба хонаи Нишона азми омадан доштанд, аммо духтари бегуноҳи гуноҳолуда қасди худкушӣ дошт. Тамоми вуҷудаш дар муқобили он беадолатие, ки инсонҳои нокас ба ў раво диданд, исён мекард, лаҳазоте буд, ки ба ҳама, ҳатто ба модар ва кўдаки ширини нозпарвардааш Алам муҳаббаташ гум шуд ва ҷои ҳама эҳсосро кини ниқору интиқом гирифт.

пешина
аз 500
навбатӣ