Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо баъди он ки Тоши якгўшу Хидири Ёғӣ ҷазои худро гирифтанд, Нишона вазифаи худро анҷомёфта ҳисобид ва ба истиқболи марг омодагӣ гирифт: «Нишона акси чашмдошти модар якбора мисли пештара хушҳолу хандонрў шуд. Кўрпаҳоро офтоб дод, либосҳоро сари борчўб паҳн карда, куртаву ҷомаи модару Аламро шуста, поргӣ кард. Аз даруни аёта то пушти дарвозаро ҷорўб зад». Сипас либосҳои беҳтарини худро пўшида, марҷони меросии хоҳарро ба бозор бурда, ба пораи китоб иваз кард ва ниҳоят, нисфи шаб аз ҷой бархоста, дергоҳ ба рўи модару кўдак нигарист ва хаёлан бўсаи видоӣ зад. «Бўсаи видоӣ, бўсаи узру афсўс». Бо нигоҳ ба модару додараш ба ар-арзори атрофи ҳаёта, ба шаҳтути пир, ба деворҳои сафедкардаву гулзадааш, ба дару порисаҳои хонаи падар хайрбодӣ кард. Бандчаи мактубҳои Диловарро аз тоқ гирифта ба остинаш ниҳоду аз суфа поён шуд. Дар дили шаби сиёҳ аз байни кўчаҳои холии деҳа духтарак мактубҳои азизи дилашро, акси ўро ба дилаш зер карда, ба истиқболи марги худ, сўи «Қабри шайтон» медавид».
Ин сатрҳо, ки лаҳазоти охирини зиндагии як инсони ҷавонро бо кулли тафсилоту ҷузъиёташ ба қалам медиҳад, хеле муассир ва дардовар ҳастанд.
Фосилаи замоние, ки дар роман фаро гирифта шудааст, бузург нест. Он тақрибан се соли ҷангро дар бар мегирад.
Аммо ҳар рўзи он – як рўзи имтиҳон аст – имтиҳони имону виҷдон, одамгариву нангу номус. Фазои ҷуғрофии асар низ густурда нест – ғолибан Сабзбаҳор ва як-ду сафари кўтоҳмуддати персонажҳо то маркази ноҳияву пойтахт – Пунбачиву Сталинобод. Манзури муаллиф аз чунин маҳдудияти вақту фазо – муоина ва инъикоси бадеии зиндагии мардуми як марзи кўчак аст, ки он ҷо ҳама кас бо тамоми омоли зишту нек пеши назар қарор дорад.
Дар баробари симои Нишона, ки тимсоли шўрбахтиву номуродӣ ва лоливу хорӣ буд, нависанда аз миёни занон даҳҳо образҳои ҷолиби дигарро низ ба риштаи тасвир мегирад. Ин ҷо зикри он нукта муҳим аст, ки якояки образҳои асар фардӣ кунонида шуда ва нотакрор ҳастанд: Зебо, Нозӣ, Тобон, Нуқра, Марзия, Зика, Марҷон, Нурия...

пешина
аз 500
навбатӣ