Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба қавли адабиётшинос А. Сайфуллоев «Романи Гулрухсор романи тақдирҳост... Дар романи Гулрухсор манзараҳои меҳнату маишат, ишқу муҳаббат, садоқату хиёнат, дарду ғам ва шодию сурури халқ дар айни шиддати Ҷанги Бузурги Ватанӣ фоҷеонаву мазҳакавӣ тасвир ёфтаанд. Манзараҳо, воқеаҳо, характерҳо, риштаҳои печ дар печи ҳаёти одамон, пеш аз ҳама қаҳрамонии халқ ва иродаи оҳанини онро нишон медиҳад» (3, 123).
Зебо Наимӣ аз тоифаи занҳоест, ки дар вуҷудашон ақлу эҳсос мувозинат ва таносуби худро ҳифз кардаанд. Аз нигоҳи занҳои Сабзбаҳор ў зане буд «назарбаланд, баландписанд, қоидадон, солор, худшинос, босавод ва даврадида... Занҳои Сабзбаҳор Зеборо дўст медоштанд. Маслиҳат дода, маслиҳат мепурсиданд, такягоҳу мададгораш буданд. Нармиаш бештар буд, тундиашро мебахшиданд». Зебо зани мубориз аст. Ў барои бахти худ, нангу номуси худ ва дифои аҳли ҷамоат, ки тақдири худро дар мушкилтарин замон ба ў бовар карданд, талош мекунад. Ў аз он тоифае нест, ки Ҳуморо аз осмон интизор шавад. Вақте ки Зебо хабари ба каси дигар хонадор шудани ҷавони дилбохтааш Саид Алиро шунид, бо камоли ҷуръат ба назди ҷавон рафта, ўро ба мулоқот даъват кард ва бахти худро ба даст овард. Ҳарчанд ки ў дертар чанд бор аз хушдоманаш таънаву маломат шунид ва аз кардаи хеш зоҳиран пушаймон ҳам шуд, зеро боре ў бо оҳи сард ба Хайрия гуфт: «Ҳайфи ошиқиҳоям: Лайливу Маҷнун мисли мо ошиқ набуданд... Ҳар кӣ бо ошиқӣ шў кард, деги сияҳро дар рў ба рў кард!». Як сабаби нагунбахтии худро Зебо дар норизоии волидайн ба ин заношўӣ медид. Падари Зебо, ки марди орому фурўтане буд, талошҳои озидихоҳонаи духтарашро натавонист таҳаммул бикунад. Узви ташкилоти комсомолӣ шудани духтар ва раиси ин ташкилотро ба шавҳар пазируфтани ў Наимии табиатан нармхисолро ба ҷаҳл овард. Ў ба духтараш ҷазои сахттаринро раво дида, кокулони дарози Зеборо бо корди дудама бурид.
Шояд ҳамин вақт иродаи шикастнопазири ў бори аввал ба ситеза барангехт. Зебо ба узвияти ташкилоти ҷавонон қабул шуд, дигаронро низ ба ин кор ташвиқ кард, ба шахси дилхоҳаш ба шавҳар баромад ва баъди ба фронт рафтани Саид Алӣ ҳамдеҳагон ўро раиси ҷамоат интихоб намуданд.

пешина
аз 500
навбатӣ