Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Нависанда Зеборо чун шахсияти зўрманде, ки бо вуҷуди ҳассосиву раҳмдилӣ рўҳаш бешикаст аст, ба қалам овардааст. Муҳимтарин фазилатҳои ў: адолатҳоҳӣ, дифои ҳуқуқҳо ва шаъну шарафи хеш, ғами дигаронро хўрдан дар ҳолатҳои фавқулода бештар зуҳур мекунанд: аз маҳбас озод кунонидани шавҳари бегуноҳ, ба ўҳдаи худ гирифтани азои Майса, барои дифои номус Ёғиро аз асп зада афтонидани Хидир, ба раиси пиру бемори колхоз Ҳасан Ризо бо камоли меҳри духтарӣ ғамхорӣ кардан, барои саркашӣ аз супориш ва дағаливу берўӣ аз гиребони Тоши якгўш гирифтан, ба рўи Зика, ки моли ҷамоатро ба хона мебурд, шаппотӣ задан, дар сари турбати шавҳар гардани хушдоманро гирифта марсияхонӣ кардан, тамоми дағалиҳои хушдоманро ба хотири дифои оила таҳаммул кардан – ҳолатҳое ҳастанд, ки хилқати ин зани ҷавонро ба хубӣ инъикос менамояд.
Зўру тавони Зебо бештар дар рўҳаш аст, на дар ҷисмаш.
Гулрухсор тавонистааст, ки бо килки ҳақиқатнигор сиришти инсонро бе сохтакорӣ нишон диҳад. Ў тимсоли идеалӣ намеофарад, ҳарчанд ки дар симои Зебо беҳтарин хислатҳои занони тоҷик ба ҳам омадаанд, ў як зани заминиест, ки тамоми омолаш табииву оддист. Ҳамзамон дар радифи Зебо муаллиф дар роман симои зани ҷисман пурқувватро низ нишон додааст. Нозӣ, ки ба номи ў тавсифи «паҳлавон»-ро пайвастаанд, дар ҳақиқат таҷассумгари қувваи бузурги ҷисмонӣ аст. Аммо Нозӣ бо тамоми тавоноиву қувва боз ҳам ниёз ба меҳрубониву лутфи шавҳар дорад. Ин аст, ки бо вуҷуди паҳлавони ғолибро ба тахтапушт хобонидан, барзаговро сари китф бардоштан ва қувваи худро барои дифои ҳуқуқҳои занҳои деҳа ба кор бурдан, се маротиба дугоник таваллуд кардан аз бемеҳрии шавҳар сахт азият мекашад ва дилаш пурхун аст. Ў дар ҷисми бузурги хеш дили кўдакона дорад.
Дар баробари симои занҳои баору номус Гулрухсор муваффақ шудааст, ки ду образи хеле хотирмони манфиро низ бо хилқати мухталиф ба риштаи тасвир кашад. Яке Зика аст, ки «мори обӣ» лақаб гирифтааст ва намунаи бадахлоқиву фосиқист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор