Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар тақризи фавқуззикр А. Сайфуллоев қайд кардааст,
ки «дар роман хислатҳои Зика, зани бевафо ва сабукпо низ равшан тасвир шудааст. Нависанда дили ўро низ фаҳмидааст. Ў
чандон Зикаро не, балки ҷангро, ки баъзе занҳои сустиродаро
ба кўи бадахлоқӣ меандохт, маҳкум месозад» (1,124). Ҳақ ба
ҷониби мунаққид аст, ки нависанда аз ниҳоди персонажи худ
огоҳ аст ва дили ўро фаҳмидааст. Аммо оё вазъияти фавқулъода метавонад баҳонае барои бадахлоқӣ бошад? Барои хонанда Зика бо тамоми фатонату дилфиребӣ ва оростагиву озодагии зоҳир, чашмони бозингару мулоқотҳои ниҳониаш бо
Тош тимсоли бешарафӣ боқӣ мемонад. Шавҳари пиру чўтур
доштани ў наметавонад баҳонае барои ишқварзӣ бо каси дигар бошад, хоса бо Тоши якгўш, ки ҷаҳолату ҳамоқат, дурўягиву чоплусӣ бунёди сиришташро ташкил додаанд. Аз назари
нависанда ҳунар ва истеъдоди дилшикории ў пинҳон намемонад. Ў хеле огоҳона ва мўйшикофона, бо дарки ҳолати равонӣ
ва психологӣ ҳар ҳаракати чашму абрў ва ҷисму ҷони Зикаро
ба муоина мегирад. Масалан, Тош, ки «аз сари дег бо нигоҳ
Зикаро навозиш мекард, акнун намедонист нигоҳи маломат
ба куҷо дўзад... Чашмони шикории Зика аз сари дег дур шудани Тошро дарҳол дида, ўро ҷустанду ёфтанд: Мардак ишорае
барои ҳардуяшон фаҳмо карду ғайб зад. Касе ногоҳ ғайб задани Зикаро низ нафаҳмид» (1,86). Дар назари аввал чунин менамояд, ки Гулрухсор ин персонажи худро барои хушлибосиву
дилбарӣ ҳатто ситоиш менамояд. Вале дар асл нависанда якчанд ҳолатеро нишон медиҳад, ки муносибати ҷомеаро бо ин
тоифаи занон муайян мекунад. Чунончи, дар иди Наврўз «Зикаи ғайбзада нохост байни маърака пайдо шуда, ба рақс даромад. Шаддаи марҷон болои синааш меларзид. Касе ба нозу
ҷилваи ў аҳамият надод. Ў барои занҳои Сабзбаҳор ангушти
зиёдаро мемонд, ки буданаш малолу бурида партофтанаш
дардовар буд. Зика чандон ба тоби дил майдаву печон, пурнозу адо арғушт рафт, оқибат аз бемеҳрии рўирости ҳамдеҳагон
шасташ гашт, ки ҳаракатҳояш суст шуданд. Касе сару либоси
ороста, абрувони барги гули сияҳгўшмолида, чашмони сурмарези занакро намедид. Ў ба рўяш оҳаксанг молида, сиёҳпўстиашро аёнтар карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор