Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз бемеҳрии ҳамдеҳагон ранҷида, дар гўшае қарор гирифт» (1,87).
Дар ҳоли дигар, Зебо Зикаи хушбахти буғча дар дастро дида, ба бари рўяш шапотие фароварда, ўро ҳаром ва беномус меномад. Ва ниҳоят, дар поёни роман Нишона бо Зика чашмобачашм мешавад. «Онҳо аз нигоҳи чашмҳои гўё он даҳшатеро, ки забон ба баёнаш қодир нест, фаҳмиданд. Нишона ба лабони тунуки занак, ки пир-пир мепариданд, ба рўи мисли рўи худаш доғдоштааш нигариста, ба замин туф карду занакро, ки чун мехи оҳанин ба замин гўё фурў рафта буд, ба ҳолаш гузошта пас гашт» (1, 301).
Симои занони бадхўро модари Саид Марзия пурратар мекунад. Аммо Зика ва Марзия ашхосе бо ҷаҳонбинии комилан мутафовитанд ва онҳоро наметавон дар як радиф ҷой дод.
Зикаи худхоҳу нозпарвар хеле хушзабон аст. Аммо заҳри забони кампири Марзия боиси озурдагиву ҷароҳати дили садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Сахттарин зарбаҳои забониро кампир ба арўсаш Зебо раво мебинад. Марзия арўси писари ягонаашро аз рўзи нахуст бад мебинад, бо ҳазору як ҳилаву найранг писари худро ба муқобили ў мешўронад, ба муллои деҳа рафта, тўмори гармухунук менависонад ва ҳатто ба писари худаш раҳм накарда, ба фронт дар ҳаққи занаш тўҳматномаҳо мефиристонад. Аммо ҳатто марги писар хулқи ўро дигар карда наметавонад. Масалан, хабари шуми обистан шудани Нишонаро ў бо як навъ хурсандии ботинӣ ва истеҳзо ба забон меорад ва бадномии духтараки нокомро чун воситае барои таҳқири хонаводаи Зебо мехоҳад истифода барад.
Ҳамин тариқ, ҳар нафаре, ки нақше дар сужети роман дорад, ҳаддалимкон бо хислатҳои хотирмон офарида шудааст.
Ва муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ кадом ба ҳамдигар монанд нестанд.
Зоҳиран дар роман ягон зани хушбахт нест ва ин шўрбахтии онҳо вазъи умумии мардуми Сабзбаҳорро боз ҳам тиратар ба чашм менамояд. Хайрия, ки хеле ҷавон бева мондааст, дар бистари ҳамешагии беморист ва духтаронаш – яке дар сари ҳамл ва дигаре бо худкушӣ аз олам мераванд. Шавҳари Зебо паёпай ҳақоратномаҳо мефиристад ва модари ў бо заҳри сухан ҷавонзанро азият медиҳад. Амон занаш Нозиро бо се дугоник партофта рафтааст.

пешина
аз 500
навбатӣ