Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Нуқра аз рўи раҳмдилӣ ба Тоши якгўши хиёнатпеша расида, якумр бадбахт шудааст. Марҷони қиссагў се бор хона обод карда, аз азоби безуррётӣ ҷигархун аст. Асал ва Тобон номаи сиёҳи Шодиро гирифта деги осмон ба сарашон фурў шудааст.
Аммо дар баробари ин ҳама носозгориҳои рўзгор хурду калони мардуми деҳа дар кори умумии нигоҳубини чорво, парвариши ғалла, меваву сабзавот бо тамоми қувва иштирок мекунанд. Бузургӣ ва шикастнопазирии мардуми деҳа бештар дар ҳамин меҳнати якҷояи онҳо ва дастгирии ҳамдигар дар лаҳазоти шодию ғам ба назар мерасад.
Аз образҳои мардон образи Тоши Охун хеле равшан баромадааст. Зимнан бояд зикр кард, ки сарнавишти як қисми персонажҳоро муаллиф аз оғози зиндагӣ то анҷом тасвир кардааст. Тавассути усули бозгашт ба дирўз нависанда аз рўзгори кўдакиву наврасӣ ва ҷавонии Тоши Охун маълумот медиҳад.
Қиссаи ба падару писар дарафтодани гургҳо ва як гўшашро аз даст дода раҳо ёфтани Тош, вале аз падар маҳрум шудани ў зимнан мебоист нисбат ба ў тараҳҳум бедор намояд, аммо хислатҳои зишти ҷавон, ки минбаъд якояк рў заданд, боиси нафрати аҳли деҳа гаштанд. Тош мурғи бахтро, ки дар шахси Нуқраи нозанину хушодоб тасодуфан раҳгум зада, ба сари китфаш нишаста буд, қадр накард, дар андак фурсат аз пойгаҳнишинӣ ба курсии мансаб гузашт ва фукаш ба осмон боло шуд. Ҳаромхўрӣ, хушомадгўӣ, ришвадиҳиву хиёнаткорӣ, дасисабозиву арбадаҷўӣ ба ин марди фурўмоя хос буд. Бо ҳазор ҳилаву найранг тавассути бародархонди «балогардонаш»
даъвати ҷангро рад намуда, ба ҳар зани зебо чашми ҳавас дўхта, борҳо зарбаҳои тақдирро чашида, ниҳоят аз кини Нишона ҷон ба ҳақ супоридани Тош – як навъ ҳушдорест ба мардуми бериё, ки оқибат беҷазо нахоҳанд монд.
Дар қиёс бо образи Тош симоҳои дигари роман андак хиратаранд. Агар Тош бо «қади пасту пойҳои кўтоҳ, шиками тарбузвор дамида, гардани ғафси серрагу сари бо теғ тарошида, сарбанди ба гарданаш фаромада» (1,200), яъне, бо тамоми афту андом ва сурати нафратовараш тасвир ёфта бошад, Хидир Ёғиву Саид Алӣ, Ҳасан Ризову Шодӣ, Наиму Амон ва дигарон нақши равшане дар зеҳн намегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор