Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар миёни образҳои асосӣ шахсияти муаллиф низ аз назар пинҳон намемонад, зеро андеша ва нуқтаи назари ў дар мавориди гуногун бо роҳҳои мухталиф баён шудаанд. Хоса дар мавриди муаррифии персонажҳо, Гулрухсор тавсифҳоеро ба кор мебарад, ки ногузир ҳиссиёти субъективии адибро низ аён мекунанд. Чунончи, дар бораи Хидир менависад:
«Чашмҳои косамонандаш оташаки наҳсе доштанд. Зебо бо ҳайрати сохта, оромии фиребо ба рўи чўтуру чашмони гуруснаи савор нигариста, пурсид» (1, 29).
Тавсифҳои «чашмони косамонанд», «оташаки наҳс», «рўи чўтур», «чашмони гурусна» аз муносибати нафратолуди муаллиф ба персонаж хабар медиҳад: «Нигоҳаш пур аз нафрати мағлубият буд», «чашмони ҳукмонанди рақиб», «Нуқраи лоғару рангпарида», «Тоши сурхрўи равғанинбурут», «чашмони бозигари Зика»...
Дар бораи Нишона тавсифҳои «духтараки оламнадидаи кўҳистонӣ», «духтари бечора», «Нишонаи лол», «духтари мактабнадида», «ҳайрон», «музтар», «меҳрубон» ва амсоли ин ба кор рафтаанд. Ҳусни таваҷҷўҳи муаллиф дар ҳар сатр аён мешавад: «Духтар табассум кард. Аҷаб табассуми гуназебе. Чашмонаш, лабонаш, рухсораш баробар гул мекарданд» (1, 36).
Ин ҷо қобили таъкид аст, ки забони асар хеле сертобиш аст. Муаллиф гоҳе услуби шоиронаро ба кор мегираду гоҳе услуби лирикӣ, гоҳ андешаҳои фалсафӣ баён мекунаду гоҳи дигар сухани кўтоҳу мўвҷаз мегўяд. Чунончи, эҳсосоти Зеборо баъди марги кампири Марҷон нависанда чунин ба қалам овардааст: «Хандон – хандон, афсонаи нотамом дар лаб сари дўши ў ҷон додани модархондаш Зеборо сахт озурд. Дар рўҳи худ шикасти нопайвандеро ҳис карду дарёфт, ки дигар асло мисли пештара қаҳ-қаҳ хандида наметавонад. То ин дам гўё муқобили маҷрои зиндагӣ бел мезаду ғарқ намешуд. То метавонист гиряашро буғӣ мекард, зеро медонист: гиристан осон аст, аммо ҷои гиря хандида тавонистан ҳунар...» (1, 216).
Дар мавриди мотами Саид сари овози ҳамдигарро гирифта гиристани занҳо ба рўди равону ҷўйҳои ашк ташбеҳ шудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор