Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Байти алами кампир чун рўди равон мерехту занҳо ба он ҷўйҳои ашки худро меомехтанд» (1, 279).
Гоҳе Гулрухсор комилан ба услуби шоирона рў оварда, аз саноеи бадеие чун ташхису тавсиф ва ташбеҳ фаровон истифода мебарад:
«Арғушти сиёҳпанҷаи дарахтони мазор аз авҷ гирифтани шамол печонтар шуда, арғушти дар хоб дидаи апаашро ёдрас кард» (1, 208).
Ё ҷои дигар тазодро бар бунёди тасвир қарор медиҳад:
«Марди корзордида дар ақибгоҳ шадидтарин ҷабҳаи маргу зиндагиро шоҳид буд. Медид, ки одамон тир нахўрда, хун нарехта, мемиранд. Тирамоҳи соли охири ҷанг ҷомаи дарахтонро кашида ба тани замин мепўшонд».
Тасвирҳои Гулрухсор мўъҷаз ва дар айни ҳол хеле эҳсосшавандаанд: «Аз дари нимроғи меҳмонхона шамол шакараки барфро ба дарун рўфта, шерозаи сафед мебофт. Сўзани барфу боди сард оқибат духтараки беёдро ба худ овард» (1, 259).
Чунин ба мушоҳида мерасад, ки Гулрухсор ба офаридани манзараҳо ва муҳит майли зиёд надорад. Дар ин маврид сухани ў одатан кўтоҳ ва хеле бошитоб аст.
«Субҳ чодари сафедашро ба тамом паҳн кард. Мурғакони саҳархез дар сари шохаҳои пурбори дарахтон базми субҳона доштанд» (1, 174).
Нависанда аз тасвири манзара зуд ба тасвири ҳолати инсон мегузарад. Аксари маврид ҳоли табиат бо ҳоли дили персонаж мувофиқ меафтад:
«Села-села зоғон қар-қаркунон болои хирман парвоз карда, аз фарорасии зимистон хабар медоданд. Дарзаҳои бетартиб хобида аз боди сарду гардолуди охири тирамоҳ маҳзунона садо бароварда, дили ғаши раиси ҷамоатро ғаштар мекарданд» (1,187).
Насри Гулрухсор сухани орому якмаром нест. Он гоҳе чун дарёи кўҳӣ шўху гоҳ чун обҳои сокит суст, гоҳ пур аз унсурҳои шоиронаву гоҳ беороиш кўтоҳу канда-канда аст. Чунончи, ба санъати таҷнис рў овардани носир ва аз саҷъ истифода бурдани ў далолат бар таровати забони асар медиҳад.
«Бадбахтии худро гоҳе фаромўш мекард, зеро ҷанг ҳамаро якранг чанг мезад» (1,185).

пешина
аз 500
навбатӣ