Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин ҷо «ҷанг» ва «чанг», ки ҳамоҳанганд ва бунёдашон бар таҷниси хат аст, сабки муаллифро хотирнишин намудаанд ва ёде аз шеърҳои ў меоранд. Ҳамчунин дар мавриди зерин низ дурахши оташаки ноаён ва шукуфтани нўги бинӣ далели рангинии афкори муаллиф аст.
«Дар чашмони Тош оташаки ноаёне дурахшид, нўги биниаш шукуфт» (1, 154).
Гулрухсор муқобилаҳои шоиронаро низ устодона ба кор мегирад:
«Дар яккамехи Нозӣ аспи саманд пайдо шуду бахту саодати он хонаро гўё зери сум кард».
Ҳатто дар мавридҳое, ки ҷумлаҳои кўтоҳ ба кор мераванд, эҳсос мешавад, ки нависанда ҳарфҳои ногуфтаи худро дар онҳо бо камоли ҳунармандӣ ғунҷонидааст.
«Нишона хоб медид, хоби овоздор».
«Мерақсиду механдид; хандааш сарду ваҳмангез буд.
Табассум аз чеҳрааш гурехт» (1,5).
Канда-канда ва бошитоб паи ҳам омадани ҷумлаҳои кўтоҳ изтиробе дар паси сатрҳо тавлид мекунад, ки ба вуҷуди хонанда низ интиқол меёбад. Хонандаро ҳисси интизории хабари нохуше фаро мегирад. Гоҳе ки инсон дар ҳоли садамаи рўҳӣ қарор дорад, наметавонад пурҳарф бошад.
Як хусусияти хеле муҳими роман тавассути забони персонажҳо нишон додани ғановати забони модарист. Муаллиф хати воқеаи асар ва муҳовараҳоро гўё махсус чунин бофта, ки шираву таровати забони мардуми деҳ, суханбозиҳои онҳо, истифодаи фаровони зарбулмасалу мақол ва шеъру таронаро дар алфози онҳо бо камоли рангомезӣ ба намоиш гузорад.
Мардуми деҳаи Сабзбаҳор, махсусан, занҳои деҳа хеле сухандону суханваранд. Ҳар ҳарфи онҳо бо мақоле ва зарбулмасале тақвият меёбад.
Чунончи, Зебо дар бораи Нуқра чунин фикр мекунад:
«Корд ба устухонаш расидааст. Зане, ки сар кафад, зери тоқӣ мегуфт, ба ҷон расида, сирри хонаашро ба бозор баровардааст». Дар ҳамин ду ҷумла муаллиф чаҳор зарбулмасалу мақолро ҷой додаст: «Корд ба устухон расид», «сар кафад, зери тоқӣ», «Ба ҷон расидан», «Сирри хонаро ба бозор набарор».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор