Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё худ ҷои дигар омадааст:
«Зебо боисрор талаб кард, ки мехоҳад он намакхўри намакдоншиканро бори дигар бубинаду ҳаққи намакашро аз кўрнамак бихоҳад... Ҳамин вақт хуни Наими ботамкин мисли равғани доғ ҷўшид: «Одамро гўшташ ҳаром аст, лафзаш ҳалол, номард, – сўи мардак давид (1, 66).
Персонажҳои Гулрухсор ибораҳои рехтаро низ хеле зиёд ба кор мебаранд. Лобалои матни роман пуропур аз мақолҳои халқиву ибораҳои рехта аст:
«Ў гўё бори вазнинеро аз дўш афканда бошад, сўи Пунбачӣ сабук роҳ гирифт. Туғёни эҳсосаш раҳораҳ паст шуду худ ба худ шўрид: Кўр як бор ба чоҳ меафтад, ту чанд бор афтоданӣ ҳастӣ? Кай аз баҳри ин занак мегузарӣ? Аз ҷонат наметарсӣ?»
«Ҳай-ҳай, ҳамин қадар ҳунар дорӣ, хонашеру майдонғариб – хаёлан шунид таънаи Зикаро. Мардҳое ҳастанд, ки чанд зани қонунӣ доранду чанд дилбари дилхоҳ, аз касе наметарсанд. Шайх аз беҳунарӣ гуфтааст, ки хонақоҳ танг» (1, 157).
Дар суханварии занҳои солдидаи деҳа ҷои шаке нест, вале ҳатто Тошу Зика муҳовараи шоирона доранд:
– «Хумори ту маро ба по хезонд. Ту набошӣ сабзаи хокам як ваҷаб мешуд. Ёдат кардам, ба Худо, ёдат кардам.
Дасти таги сангам дар гўр. Пои дар занҷирам шиканад!
– Ёдат кардам, дар хуморат бошам, гумат кардам, дар суроғат бошам, – байт гуфт зан, ки гўё майли рафтан надошт:
Мудир калидҳоро бозӣ доронда гуфт:
– Гумат кардам, кадом гўша дар бизанам, Зардоби дилам ғун шудааст, ҷар бизанам!
– Зардоби дилама кай ҷар мезанӣ, Зикабону?» (156).
Дар асар лаҳазоти зиёде оварда шудааст, ки расму оин ва суннатҳои маҳаллиро бо тамоми рангу бораш мунъакис менамояд.
Масалан, сари овози ҳамдигарро гирифта дар сари мурда гиристани занҳо дар мавриди мотам, бо тамоми дилу ҷон ва саршори самимият суруд хондану рақс кардани мардум дар соати саодату тўю сур, риояи кулли расму оинҳо дар иди наврўз, қиссагўии занҳо дар хирманҷой, таронахонии ҷавонон дар сари кор имкон додаанд, ки нависанда аз тарзи либоспўшиву сухангўӣ, дуоҳои неку бад, одатҳои хубу зишт, дину хурофот, боварҳову ормонҳои мардумӣ, эҷодиёти даҳонакии халқ садҳо намунаҳоро бо камоли завқу салиқа рўи сафҳа орад.

пешина
аз 500
навбатӣ