Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Феълу атвор ва расму одатҳои мардуми деҳа гоҳе бо лутфи ширину гоҳ бо ишораҳои нозуки тамасхуромез ба қалам омадаанд.
Масалан, ба сари гўри мурда омадани кампири Марҷон ва илтиҷои ў аз кампири Хоса, ки «шамолашро гашта бигирад»; аз либоси касе, ки чашми бад дорад, пораеро бурида сўхтан; аз рўи оташ паридан; оташро эҳтиром карда, бо пой ба он нарасидан ва ғайра.
Навҳакашии кампири Марҷон дар сари қабри Майса пур аз дарду алам, пур аз такрорҳои шоирона аст:
Аз номи кўдаки рўнодиди Майса кампир овоз андохта, мегирист:
Эй очаи ҷон, чаро калонам кардӣ, Ширам додӣ, ситам ба ҷонам кардӣ.
« – Неее! Ширата начашидам, очаҷон, носерам, очаҷон, ташнаам, очаҷон, ятимам, очаҷон!... Майсаи пажмурдаи хола, арўси сиёҳпичаи хола. Тифлакат очабинӣ омадааст, ба чорбоғи модар меҳмонӣ омадааст. Хез, шери наратро бин!
Ятимат ба ҷои модар гўри барфпўшатро оғўш мекунад, беди сари гўрата оча мегўяд, во аламе, во аламе!
Хок бар сари дунёи бевафо. Оташ дар сари марги номард. Баламе, аламе, аламе!» (1,43).
Аз навҳаи кампири Марҷон оҳанги ҳузну андўҳ дарди бедармони ноилоҷӣ пеши марг, навои марсияхонии мардуми кўҳистон, фалаксароии занҳои деҳаҳои Тоҷикистон ба гўш мерасад.
Салиқаи сухандонии занҳои деҳа дар ҳоли даст кушода дуо гуфтан ва ё касеро нафрин намудан бештар ба зуҳур меояд:
Масалан, умри кампири Марҷон тамом шуда буду «қиссаи сияҳрўзиаш дар дуоҳои неку бадаш давом дошт. Ҳамеша эҷодкорона дуо мекард. Ҳангоми дуо карданаш касе ҳақ надошт ўро боздорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор