Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мазаммати бадон хастагиро намедонист. Дар фуроварди ҳар дуо даст ба замин зада, даҳ панҷаашро чунон ҷарақас мезанонд, ки дар хаёли ҳозирон, агар дуояш дар ҳақи Гитлер бошад, фашист хоку туроб мешуд, хонааш оташ мегирифт, занаш бева мемонду модараш бесоҳибдарак» (1,185).
Вақте ки ў Марзияро дуои бад мекунад, дар ҳаққи ў бадтарин ҳақоратро раво мебинад: «Э почаҳои бориката хок кашад, рўзи равшана набинӣ, ба нохуни пои духтарам зор шавӣ, даҳонат қоқ шавад, як қатра об наёбӣ, Худо хорат кунад, беваи ношукр! Ба по рафта, ба сар биёӣ! Тирмор! Э рафтаната бинаму омаданата не. Ба ин бадгуҳарият манаҳата кӣ мебандаду дастонатро кӣ ба қадат рост мекунаду чашмоната кӣ мепўшад?»
Дар мавриди дуои нек занҳои Сабзбаҳор мегўянд:
«Пир шав, хушбахт шав, давлатманд шав», «Худо ба ту бахт диҳад», «Хока гирӣ, зар гардад».
Онҳо ба рўҳу арвоҳ, ба қувваи китобҳои муқаддас бовар доранд ва дар ҳолатҳои вазнин ин қувваҳоро ба кўмак даъват мекунанд:
«Ё рўҳу арвоҳ, ё китобҳои балогардон, ё падари бузургворам, мадад!» – мегўяд модари Нишона.
Занҳои Сабзбаҳор дар кашокашҳои забонӣ низ тамоми нафрати худро ифода мекунанд: масалан, дар сари ҷанҷол Марзияву Нурия ҳарфи ҳақоратро чун борон ба сари ҳамдигар мерезанд:
« – Кӣ ҳаромзода? Ку бигў, беваи саг, кӣ ҳаромзода?
(лақаби сагро ба қудояш худи Нурия часпонда буд)
– О беваи баҳтур: (Нурия зардина буд) – Кӣ саг?
– Сага овозаш меояд – намешунавӣ, бева?» (1, 15).
Гулрухсор дар роман боварҳои мардумиро хеле нозук ба кор бурдааст. Як қисми онҳо рамзҳое ҳастанд, ки бунёди бадеии асарро ташкил додаанд. Масалан, роман аз хоб дидани Нишона сар мешавад. «Нишона хоб медид, хоби овоздор.
Бо шавқ доира мезаду садои онро мешунид. Майса ба ҳавои доираи ў майдаву печон арғушт мерафт; сўи хоҳаракаш нигоҳ намекард, гўё барои худ арғушт мерафт. Куртаву сарбанду поҷомаи кабуд дошт. Мерақсиду механдид; хандааш сарду ваҳмангез буд.

пешина
аз 500
навбатӣ